Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: ҷустуҷӯи ҷасади сайёҳи рус идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷустуҷӯи ҷасади сайёҳи рус, ки ба дарёи Хингоб афтодааст, идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин сайёҳ 13 август дар ҳудуди ноҳияи Сангвор ҳангоми гузаштан аз пул ба дарёи Хингоб афтодааст.
«Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ рӯзи ҳафтум аст, ки ҷасади Ирина Третяковаи 60-соларо меҷӯянд, вале то ҳол аз ӯ нишоне пайдо нест», — омадааст дар хабарномаи Кумита.
Гуфта мешавад, ки номбурда ҳамроҳ бо панҷ нафари дигар аз Россия ба Тоҷикистон ба саёҳат омадааст. Чор тани онҳо шаҳрвандони Россия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Третякова Ирина Олеговна, соли таваллуд 1959, Колпаков Александр Василевич, соли таваллуд 1988, Колпаков Алексей Александрович, соли тавалуд 1988, Ретман Георгий Гиоргевич, соли таваллуд 1941 ва Ким Виктория Семёновна, соли таваллуд 1962 сайёҳоне мебошанд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ номи онҳоро дар сомонаи расмияш нашр намуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони вазорату идораҳои дахлдор ба макони ҳодиса сафарбар гардидаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади ин сайёҳ идома дорад.








Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд






