«Ливерпул» баъди мағлуб намудани дастаи «Челси» барандаи Суперҷоми УЕФА-2019 гардид

Август 15, 2019 15:37

ДУШАНБЕ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шаби  13 ба 14 августи соли равон ғолибони Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо-  дастаҳои  футболи «Ливерпул» ва «Челси»-и Англия  дар бозии Суперҷоми УЕФА вориди майдони рақобат шуданд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН   шарҳ медиҳад. 

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Водафон Арена»-и шаҳри  Истанбул дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Барои муайян намудани дидор довар маҷбур шуд, ки ду қисми 15-дақиқагӣ илова намояд. Дар вақтҳои иловагии бозӣ низ ғолиб муайян нашуд ва тақдири ин рақобати ҷолибро силсилазарбаҳои пеналти ҳал карданд.

Дар силсилазарбаҳои пеналти дастаи  футболи  «Ливерпул» бо ҳисоби 5:4 дастболо шуда, барандаи Суперҷоми УЕФА-2019 гардид. Ҳамин тавр,  дастаи «Ливерпул» мавсимро бо ба даст овардани ҷоиза шурӯъ намуд, барои  дастаи футболи «Челси»  мавсими аллакай бебарор оғоз шуд.

Суперҷоми УЕФА-2019

«Ливерпул» — «Челси» — 2:2 в.и. (0:1, 1:0, 1:1). Пеналти — 5:4

 Голҳо: Жиру, 36 (0:1). Мане, 48 (1:1). Мане, 95 (2:1). Жоржиню, 101 — пенальти (2:2).

 Пеналти: Роберту Фирмину — 1:0. Жоржиню — 1:1. Фабиню — 2:1. Баркли — 2:2. Ориги — 3:2. Маунт — 3:3. Александр-Арнолд — 4:3. Эмерсон — 4:4. Салоҳ — 5:4. Абраҳам — 5:4 (дарвозабон).

 «Ливерпул»: Адриан, Гомес, Матип, ван Дейк, Робертсон (Александр-Арнолд, 91), Фабиню, Хендерсон, Милнер (Вайналдум, 64), Окслейд-Чемберлен (Роберту Фирмину, 46), Салоҳ, Мане (Ориги, 103).

 «Челси»: Аррисабалага, Аспиликуэта, Зума, Кристенсен (Томори, 85), Эмерсон, Жоржиню, Канте, Ковачич (Баркли, 101), Пулишич (Маунт, 74), Жиру (Абраҳам, 74), Педро.

Август 15, 2019 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд