МАЛИКАИ ТИРАМОҲ. Бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ Иди каду баргузор мегардад

Август 10, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 август дар шаҳри Душанбе Иди Каду баргузор мегардад. Ин ид тайи чор сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд.

Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулоти каду низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Пешвои миллат моҳи октябри соли 2018 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Кадуро барҳақ “маликаи тирамоҳ” меноманд. Он асосан моҳи сентябр пухта мерасад, вале  баъзе навъҳои дерпази он охири моҳи октябр них ҳосил медиҳанд.  Баъзан кадуро “сабзавоти охирини сол” меноманд. Кадуро  аз тирамоҳ то зимистону баҳор дар ҷои салқин нигоҳ доштан мумкин аст, бар замми ин аз он метавон даҳҳо намуд  таомҳои болаззат томода кард. Дар Тоҷикистон аз он ширкаду ва шӯрбо тайёр мекунанд, бо каду самбӯсаю манту мепазанд. Итолиёвиҳо ба таоми ризотто ҳамроҳ мекунанд, дар Австрия аз он шнапс, дар Ҳиндустон —  ҳалво, дар Россия – шавла (каша) омода менамоянд.

Ҳамин тариқ, кн  яке аз зироати дар ҷаҳон маъмул буда, халқҳои зиёди олам  онро ҳамчун хӯроки серғизо истифода мебаранд.  Ва иди каду низ доир мекунанд.  Масалан, дар Россия Иди каду баргузор карда мешавад, дар Франсия, Германия, Хитой фестивали каду мегузарад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто Рӯзи миллии каду таъсис дода шудааст, ки он ҳар сол 26 октябр таҷлил карда мешавад.

Дар дунё 15 намуди каду мерӯяд, ки аз он дар Тоҷикистон 3 ё 4 намудашро мекоранд. Инҳо  гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду мебошанд. Коршиносони соҳаи тиб истеъмоли кадуро барои он тавсия медиҳанд, ки дар таркибаш то 11 фоиз қанд, 20 фоиз  оҳар, 0,2-0,7 фоиз моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (махсусан фосфор, витамин, аз ҷумла каротин),  40 фоиз  равғани хӯрданбоб ва 28 фоиз  сафеда дорад.

Шайхурраис Абӯали Ибни Сино дар мавриди манфиати каду навиштааст. Дар китоби «Канзи шифо»  ҷиҳати шифобахшии он чунин тавсиф шудааст: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, дар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳоли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебахшад.

Инчунин агар равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, бичаконанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳоро, ки аз ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.

Август 10, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»