Маркази миллии тестӣ нуқтаҳои бақайдгириро ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ эълон намуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро эълон намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Маркази мазкур хабар медиҳад.
Маркази миллии тестӣ ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон роҳ ёфта, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд, мерасонад, ки азнавбақайдгирии чунин довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 холӣ мондаанд, аз 19 то 22 август дар як катор нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
Инчунин Маркази миллии тестӣ хотиррасон менамояд: довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.
Қабули маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғоз гардидааст. Довталабони хоҳишманд метавонанд маблағи мазкурро пешакӣ дар яке аз филиалҳои бонки мазкур пардохт кунанд.
Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи марказро хонанд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






