Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар ноҳияи Шуғнон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 август дар машқгоҳи ҳарбии Ҷелондии ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ташкили машқҳои баталиёнӣ-тактикӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуданд. Тавре дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баҳри назорат аз болои амалиёти муштараки ҷузъу томҳо Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо, намояндагони Артиши Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин минтақа ва дигар шахсони расмӣ дар машқҳои муштарак иштирок намуданд.
Ба зикри номбурда, дар тамрингоҳи Ҷелондӣ ҷузъу томҳои пиёданизоми Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо истифодаи техникаҳои ҳарбии вазнини зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, чархболҳои ҳарбӣ, техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ба сӯи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, оташи шадид равон карданд. Дар машқгоҳи муштараки баталёнӣ- тактикӣ техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, авиатсияи мухталифи ҳарбӣ аз ду ҷониб истифода шуданд. Инчунин аз рӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари ҷумҳурӣ амалиёт доир намуданд.
Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии машқҳои муштараки баталёнӣ- тактикӣ вобаста бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дифоии мамлакат, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳо ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар назди иштирокчиёни машқҳои низомӣ ибрози андеша кард.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат саривақтӣ ва манфиатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба ҳамкории мутақобилан судманди низомиёни Тоҷикистону Чин доир ба ташкилу ба роҳ мондани тамринҳои васеи низомӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар охир фаъолони машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо медалу ифтихорнома, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои муҳими низомӣ дар 3 марҳила ба таври назариявию амалӣ доир гардиданд. Марҳилаи аввали он тибқи талаботи машқҳо 12 августи соли равон бо тамоми қувваю воситаҳои гарнизони Хоруғ ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ бо ишораи бонги хатари ҷангӣ бардошта шуд.
Ҷараёни баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ аз ҷониби ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ идора гардида, рафти ҳама марҳилаҳои размоиши низомӣ таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат қарор гирифт.
Тибқи талаботи ишораи ҷангӣ дар марҳилаи дуюм ва сеюми машқҳо раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони аввали сохторҳои қудративу давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин гарнизон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагӣ- сафарбарӣ ҷалб карда шуданд.
Дар машқгоҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирокчиёни ҷамъомад ба тирпарронӣ ва омӯзиши дигар машқҳое, ки ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ заруранд, фаро гирифта шуданд.
Дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори 3-юм аст, ки миёни низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Артиши Ҷумҳурии Мардумии Чин машқҳои васеи низомӣ бо ҷалби қувваю воситаҳои дуҷониба дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ ташкил ва ба роҳ монда мешаванд.










Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд






