МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Радиои «Ховар» сифати либос, хусусияти матоъ ва сунъию табии будани онро бароятон шарҳ медиҳад

Август 28, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 28.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Инак таътили тобистонаи хонандагон  ба охир  мерасад ва  ба  оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Ҳамагон мекӯшанд дар ин рӯзҳо либосҳои босифату хуштарҳро барои фарзандонашон  дастрас намоянд. Интихоби ҳар шахс гуногун аст. Аммо ҳама хоҳони либоси хушсифат ва барои саломатӣ манфиатовар ҳастанд.

Ба андешаи матоъшиносон, либосе, ки инсон ба бар мекунад, бояд аз нахҳои табиӣ, яъне пахта,  абрешим, пашм ва нахҳои зағир омода шуда бошад. Матоъҳое, ки аз нахҳои сунъӣ омода шудаанд, албатта, ба саломатӣ зарароваранд. Ҳангоми интихоби либос ба чӣ бояд аҳамият  дод? Чӣ гуна сунъӣ ё табиӣ будани матоъро бояд фаҳмид? Ба ин ва дигар саволҳо метавонед аз барномаи иттилотии «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» посух бигиред.

Барномаи иттилотии «Маслиҳати мутахассис»  28 август, соати 10:30 ва такроран соатҳои 14:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар» садо медиҳад.  Муҳаррир ва ровии барнома Миҷгонаи Халил.

Август 28, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд