Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Август 20, 2019 09:58

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» иштирок карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин авалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад.

Тибқи маълумот, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии  истихроҷи ангиштро доро мебошад. Роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ният доранд бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд карда, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар намоянд ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 20.08.2019

Август 20, 2019 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд