Нашриёти «Адиб» дар зодгоҳи Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ярмарка-фурӯши китоб доир намуд

Август 23, 2019 11:09

ДУШАНБЕ, 23.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» дар  саҳни бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119 шаҳри Турсунзода  ярмарка-фурӯши китоб  доир  намуд. Ин тадбири муҳими фарҳангӣ дар зодгоҳи Каҳрамони Тоҷикистон- Устод Мирзо Турсунзода бо конфронси августии муаллимон  дар як вақт иттифоқ  афтод, ки  ба он ҳусн бахшид. Дар ин маъракаи фарҳангӣ ҳамчунин  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, корхонаву ташкилот,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони  шаҳр  фаъолона иштирок намуданд. Ин мавзӯъро  хабарнигори АМИТ «Ховар»  шарҳ медиҳад.

Намоиш — фурӯши китоб барои сокинони шаҳри Турсунзода  ба  ҷашни бошукӯҳ табдил ёфт. Ҳузури адибони маъруфи мамлакат Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзо, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғойиб, Давлат Сафар, шоири ҷавону пурмаҳсул Шодӣ Азимӣ ва ҳунарманди писандидаи мардум  Ҷамшед Исмоилов  ин ҷамъомадро хотирмон гардонид.

Зеро  сокинони шаҳр  имкон доштанд, ки дар  китобҳои харидаашон адибони шинохтаи тоҷик  соядаст гузошта,  ба ин восита бо  намояндагони аҳли зиёи  мамлакат  аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин тавонистанд  доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд.

Чашм аз  тамошои  манзараҳои  гуворо дар ин маҳфили фарҳангӣ нур мегирифт. Мушоҳида мегардид, ки мардум чӣ қадар  ба қонеъ  гардонидани  дунёи маънавияшон  эҳтиёҷ  доранд.    Алоқамандони мутолиа  бо бағалҳои пур аз китоб ва чеҳраҳои шод аз дӯконҳо  асарҳои  гуногун  харида,  ба дидори адибон мешитофтанд.

Бояд таъкид намуд, ки бо мусоидати  раиси шаҳри Турсунзода  Абдуқодир Вализода   ин маъракаи   фарҳангӣ дар фазои басо  мусоид доир гардид. Мардуми зиёди шаҳр китобҳои шоирону нависандагони тоҷик ва адибони ҷаҳонро харидорӣ намуда, бо  соҳибқаламони шинохтаи тоҷик  аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид.

Нашриёти «Адиб»  иқдоми мазкурро  таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш»  ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар шаҳру навоҳии мамлакат роҳандозӣ менамояд.

Баргузории озмуни мазкур дар Тоҷикистон идомаи анъанаи фарҳангдӯстиву фарҳангпарварии халқи маънавиятгароямон буда, бо хештаншиносиву ифтихори миллии мо иртиботи ногусастанӣ дорад, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, «аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик ва меваи илму адабиёт – китоб буд».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш гуфта буданд, ки «китоб аз муқаддасоти ҷовидонии миллат аст ва ҳеҷ василаю неруи дигаре дар ҳама гуна ҳолат ҷои онро гирифта наметавонад, аз ҷумла технологияи компютерӣ низ».

Ин гуфтаҳои Сарвари давлати моро  як донишманд ва ношири немис низ зимни суханрониаш дар расми ифтитоҳи Намоиши байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе тақвият бахшид. Ӯ гуфт, ки мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ҳоло таваҷҷуҳ ба китоб бар асари компютер, интернет, марказҳои технологӣ, диск-китобҳо… дар тамоми ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Мавсуф бар он бовар аст, ки ин раванди муваққатист ва тақрибан пас аз 3-4 соли дигар мардум аз нав рӯй ба китоби асил меоваранд, чун ба зарари радиатсионии воситаҳои технологӣ ба ҷисму ҷон бовар ҳосил мекунанд, зеро бар асари таъсири  он ба саломатиашон зарар мерасад.

Воқеан ҳам, ин гуна таҳлилҳои коршиносон такя ба ҳақиқати ҳаёт дораду бовар карданианд, вале андешаи солим он аст, ки мо набояд ду даст пеши бар интизори он нишинем, ки кай се-чор сол бигзараду саломатии мардум коҳиш ёбад ва аз нав руҷӯъ ба китоб кунанд. Ҳикмати баландест мардуми моро, ки «илоҷи воқеа-пеш аз вуқӯъ», мегӯянд.

Моро лозим аст, ки тарғиби китоб бинамоем, бартарии онро нисбат ба дигар воситаҳои донишандӯзӣ ба таври возеҳу муассир ба ҳамагон, бахусус ба насли наврас бифаҳмонем.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 23, 2019 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид