ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи гарм мешавад

Август 22, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 35-37 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Август 22, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид