Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳо тақдим намуданд

Август 23, 2019 12:28

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд.

Ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11 — и мактаб — интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз кумакпулӣ, сару либос ва дастархони идона иборат буд, баҳравар шуданд.

Ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат амалӣ шуда, зимни суханронӣ дар назди ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба кулли табақаи ниёзманд андешаронӣ карданд.

Хонандагон дар навбати худ ба Сарвари раъиятпарвар ва падари ғамхори хеш барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуданд.

Дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кудакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар кудаки ятим ба ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии 470 ятим 245 каси онро духтарон ташкил медиҳанд.

Муассисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгзорӣ шуда, бо ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат сарпарастон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ ва шахсони эҳсонкор дар арафаи иду айём аз ҳоли бошандагон хабар гирифта, ба онҳо сару либос, хурока, ашёи хониш ва дигар мавод дастрас мекунанд.

Инчунин бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо бо квотаҳои ҷудонамудаи Сарвари давлат беимтиҳон ба муассисаҳои олии кишвар барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Дар ин рӯз барои 100 кудаки ятим аз ҷониби Пешвои миллат дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, барномаи махсуси фарҳангӣ мураттаб гардид, ки боиси болидаруҳии наврасон гашт.

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд 23.08.2019

Август 23, 2019 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026