Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии асосии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр-93” мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудаанд ва дар корҳои сохтмони бинои нав 30 нафар сокинони маҳалӣ бо кор таъмин гардида буданд.
Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра ҷароғон ва роҳравҳои атрофи он пурра сафолакпӯш карда шудаанд.
Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онҳоро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ҳамин тавр метавон гуфт, ки баъди ба истифода додани бинои нави Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кормандон шароити мусоиди корӣ ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия






