Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.
Доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва бонки мазкур дар самти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Бонк дар оянда низ дастгирӣ ёфта, сармоягузорӣ мегарданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика ва экология таҳия ва амалӣ мегарданд, табодули афкори судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






