Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд

Август 24, 2019 18:12

ДУШАНБЕ, 24.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли 2019 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расуловро натиҷагирӣ карда, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва иҷрои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ҳафт моҳи соли 2019 асосан таъмин шудааст.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 102,8 фоиз таъмин гардида бошад ҳам, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи андоз дар 7 моҳи соли ҷорӣ таъмин нагардидааст.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят дар ҳафт моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи қариб 111 фоиз таъмин шуда бошад ҳам, вале ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 0,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор шуданд, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар иҷрои нақшаҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи кишоварзии вилоятро таҳлил карда, таъкид намуданд, ки дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2019 қариб ба 3 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 13,4 фоиз зиёд шудааст, аммо майдони кишти сабзавот кам гардидааст.

Сарвари давлат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш доданд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи шароиту имкониятҳо васеъ истифода баранд.

Дар рафти машварати корӣ вазъи соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбуриасалпарварӣ ва боғдорӣ муҳокима гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаи кишоварзиро ба рушди ин бахшҳо ва афзоиши чорво, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ҷалб карданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ масъалаи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳалли худро пайдо кард.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилоят, дар маҷмӯъ, қариб 20 ҳазор ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршудаи корӣ таъсис дода шудааст, ки аз он 5250 ҷойи кори доимӣ мебошад.

Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он шумораи иншооти тибқи нақшаи ободониву бунёдкории ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда соли гузашта афзоиш ёфта, қариб 7000 иншоотро дар бар мегирад, ки то аввали моҳи август қариб 3000 иншооту биноҳои навбунёд ба истифода супорида шуданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ, санъати баланди меъморӣ сари вақт ва босифат таъмин намоянд.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъкид шуд, ки тайи солҳои 2016 — нимсолаи аввали 2019 аз ҷониби мақомоти прокуратура аз 552 миллион сомонии зарари ба буҷет расонидашуда 268 миллион сомонии он барқарор гардид.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоиии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва инкишофи босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ба роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас доданд.

Дар кори машварат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони яқ қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ аз номи мардуми меҳнатдӯсти вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми талошҳову ташаббусҳо ва ғамхориҳояшон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 24.08.2019

Август 24, 2019 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд