Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон меҳмонхонаи «Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Пушти боғи деҳоти Сари Хосор меҳмонхонаи замонавии «Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд.
Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, меҳмонхона аз 3 ошёна ва нимтаҳхона иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. 3 ҳуҷраи он дорои имкониятҳои дараҷаи олӣ буда, як ҳуҷраи дигар барои қабули меҳмони олиқадр пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсте, ки имрӯз дар дохил ва хориҷи мамлакат фаъолияти самаранок доранд, ба истифода дода шуд.
Меҳмонхонаи “Сари Хосор” бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар он барои буду боши мизоҷон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили меҳмонхона дорои лифт буда, ҳуҷраҳои он бо кондитсионер, телевизор, ҷевон барои сару либос ва пойафзол таъмин мебошад ва дар як вақт имконият дорад, ки ба 60 нафар мувофиқи талаботи ҷорӣ ва бо сифати баланд хизмат расонад. Утоқҳои хоб, роҳрав ва дигар иншооти меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ва усули муосири меъморӣ оро ёфта, намои берунаи он бо санъати баланди сохтмонӣ бунёд ёфтааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳамзамон меҳмонхона дорои ошхонаи алоҳида буда, дар ин ҷо барои меҳмонон хӯрокҳои хоси миллӣ пешниҳод карда мешаванд ва он дар як вақт метавонад ба 40 нафар хизмат расонад.
Ҳамзамон дар дохили меҳмонхона утоқи шустушӯи сару либос, утоқи шикорчӣ ва утоқҳои корӣ фаъолият мекунанд.
Дар иншооти мазкур зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардида, барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба меҳмонон онҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шудаанд. Хизматрасонӣ дар меҳмонхона мувофиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шуда, шароити зарурӣ барои меҳмонон фароҳам оварда шудааст.
Бояд зикр кард, ки иншооти мазкур дар мавзеъи назаррабову зебои ин минтақа — дар назди Шаршара ҷойгир буда, макони дилрабову мавзеи сайру саёҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Ин макон табиати нотакрору зебо дошта, бунёди инфрасохтори мазкур, бешак ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Дар фазои кушоди назди меҳмонхона майдончаи алоҳида барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис бунёд ёфта, аз чунин имкониятҳои муосир меҳмонон метавонанд ба таври васеъ истифода баранд. Атрофи меҳмонхона пурра чароғон карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу оро ёфтааст.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои меҳмонхонаи “Сари Хосор” баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки дар ин ҷо барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонии сатҳи олӣ ва босифат ба роҳ монанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






