Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо зиёиёни вилояти Суғд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи вилояти Суғд суҳбати самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиён, аз ҷумла адибонро дар васфи зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат, тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ махсус қайд карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки тавассути барномаҳои фарҳангӣ осори тозаэҷоди худро ба ҳаводорони шеъру сухан пешкаш кунанд. Сари ҳар вақт маҳфилҳои эҷодӣ доир карда, бо мардум мулоқотҳои самимӣ доир намоянд.
Шоирон Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва дигарон дар навбати худ барои таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат нисбат ба зиёиён изҳори сипос карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат фаъолияти эҷодии аҳли зиёро қадр менамоянд, ҳамасола мулоқотҳои анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён доир гашта, дар онҳо ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоирону нависандагон, рассомон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва дигарон таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
Дар охири суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё фарорасии ҷашни бузурги миллӣ-28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ ва парвози баланди эҷодӣ орзу карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






