Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

Август 27, 2019 11:47

ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳсолу ба харидорон пешниҳод намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард. Ба иттилои масъулин, технологияи насбшудаи корхонаи мазкур истеҳсоли ширкати маъруфи «Сидел»-и Фаронса буда,  он дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад. Муҷаҳҳазсозии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии  «Сиёма» -ро мутахассисон аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Полша, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, технологияи «Сидел» пурра ба таври  автоматӣ фаъолият менамояд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд дар корхона диққати аввалиндараҷа ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида зоҳир гардида, хати истеҳсолӣ бо филтри тозакунии чорзинагӣ таъмин мебошад. Аз ҷумла, барои таъмини сифати хуб ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷории байналмилалӣ  об аз филтрҳои кварсӣ, карбонӣ, керамикӣ ва ионикунӣ гузаронида мешавад. Дар ин баробар ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳифзи саломатии истеъмолкунанда низоми азоникунанда низ дар корхонаи тозабунёд истифода бурда мешавад, ки тадбирҳо сифати ҳамаҷонибаи маҳсулотро таъмин хоҳанд кард.

Истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад, зеро ин корхона аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.

Ба иттилои масъулин, ҳангоми васлу насби хати истеҳсолӣ дар асоси қарордодҳои баимзорасидаи Ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва “Сидел”-и Фаронса мутахассисони маҳаллӣ аз курси омӯзишӣ гузашта, тартиби истифодаи технологияро пурра аз худ намуда, феълан мустақиман идораи фаъолияти хати истеҳсолиро амалӣ месозанд.

Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ аз давлатҳои Аврупо, бахусус аз ширкатҳои машҳури “Altec”-и Чехия ва “STM”-и Полша, инчунин аз “ЗавКом Инжиниринг”-и Федератсияи Россия фармоиш дода шуда, пурра васлу насб карда шудааст. Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат лабораторияи муосир бо   таҷҳизоти замонавӣ, бахусус муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот аз ширкати австриягӣ  таъмин гардидааст, ки дар айни замон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ қиёс надорад.  Машруботи дар ин корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ шудаанд.

Дар айни замон  100 нафар дар корхонаи нав соҳиби ҷои кор гардида,  ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона 160 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Ҳамчунин 25 мутахассиси хориҷии дигар барои омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ба иттилои масъулин, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити корӣ барои кормандони корхона хуҷраҳои кории барҳаво бунёд ёфта, онҳо бо либоси махсуси корӣ ва хӯрок таъмин мебошанд.

Ҳудуди корхона 1,4 гектар заминро дар бар гирифта, масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои  мазкур бо санъати муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар сохтмони он  зиёда аз 100 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гаштанд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта  баҳои баланд дода, барои фаъолияти пурсамар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини корхона дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Қобили тазаккур аст, ки барои бунёди корхонаи мазкур Пешвои муаззами миллат 19 марти соли 2018 санги асос гузоштанд ва то ин дам иншоот бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма,  ки 55 километр дуртар аз пойтахти мамлакат қарор дорад, дастрас карда мешавад ва ин об дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, дар даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.  Тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Он аз қабати пиряхҳо сарчашма гирифта, барои кашонидани об корхона бо нақлиёти муосири соҳавӣ, ки таркиб ва хусусиятҳои онро ҳамаҷониба нигоҳ медорад, таъмин мебошад. Барои таъминоти корхона бо об ва тақсимоти минбаъдаи он дар нуқтаҳои фурӯш воситаҳои нақлиёти махсуси калонҳаҷм бо ғунҷоиши 25- тоннагӣ ва миёнаҳаҷм бо ғунҷоиши 4-тоннагӣ бо насби тамғаи “Сиёма” харидорӣ шудаанд. Дар назар аст, ки дар муҳлати наздиктарин шумораи нақлиёти боркаш то 200 адад расонида шавад.

Тоҷикистон дар ҷаҳон аз лиҳози захираҳои оби тозаи ошомиданӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол карда, оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ба нафъи аҳли башар кишвари ташаббускори эътирофшуда маҳсуб меёбад.

Бо қабул гардидани ташаббуси чоруми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳоло дар миқёси сайёра Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи он то имрӯз пешниҳодҳои асосноку созанда ба миён гузошта шудаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба яке марказҳои сиёсии баррасии масъалаҳои муҳимми об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Оби истеҳсолшавандаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, муаррифи давлати маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ шуда, содироти минбаъдаи он метавонад манфиати хуби иқтисодӣ оварад. Ҳамзамон фаъолияти корхона ба амалигардии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  мусоидат хоҳад кард.

Ҳукумати мамлакат мақсад гузоштааст, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва содироткунандаи маҳсулоти тайёр табдил диҳад.

Танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,3 миллиард сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд буда, тайи солҳои2016 — 2018 ҳаҷми он қариб ду баробар афзудааст.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 462 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 корхона зиёд мебошад.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намудани коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ нишонаи пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, қадамҳои устувори мо ба самти рушди дарозмуддати мамлакат ва ободии пойтахтамон мебошанд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" дар шаҳри Душанбе 27.08.2019

Август 27, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад