Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатиро дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 -Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Яхтанро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст.
Дар маркази саломатӣ ҳуҷраи хатна бо фароҳам овардани шароит ва таъмини таҷҳизоти теғи барқӣ ташкил карда шудааст.
Мардум хуб дарк кардаанд, ки дар синни навзодӣ хатна барои солимии кӯдак аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо зарур аст. Ҷорӣ намудани хатна ба таври ройгон танҳо дар муассисаҳои тиббӣ аз имкониятҳои васеъ барои аҳолист.
Дар баробари бинои замонавӣ ва шароити корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар Маркази саломатӣ табибонро ҳидоят намуданд, ки баҳри таъмини солимии аҳолии деҳот сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд.
Дар маркази саломатии тозабунёд маҷмӯи мизи ҷарроҳӣ бо лавозимоти ҷарроҳӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, маҷмӯи дастгоҳи стомотологӣ, автоклав барои таъмизкунии лавозимоти тиббӣ, барои озмоишгоҳ таҷҳизоти гемостиометр, ҷевони хушки безараргардонӣ ва дигар лавозимоти тиббии муосир таъмин карда шудааст.
Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, ҳавзи об ва зарфи захираи об, иншооти хоҷагидорӣ, анбор, мошинсаро ва нуқтаи санитарии-гигиенӣ сохта шудааст, ки аз инфрасохтори зарурию табобатии муассисаҳои тиббӣ дар шароити деҳот буда, сатҳи меъёрии имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард. Бо афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ маркази саломатии деҳоти Яхтан бунёд гардид, ки акнун барои аҳолии деҳаҳои Яхтан, Хуҷатоҳир ва Бахти ҷамоати деҳоти Яхтан хизмати тиббӣ мерасонад.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






