Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд

Август 23, 2019 12:21

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 3-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, имкон дорад 200 кудакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактаби акнун 40 нафар, имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад. Инчунин дар саҳни ҳавлии бинои мазкур, шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст.

Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, арзёбӣ карда, ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кудакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд 23.08.2019

Август 23, 2019 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026