Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд

Август 23, 2019 09:16

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он давоми камтар аз се моҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шудааст.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст.

Давраи Нишони давлатӣ 2,5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 19,5 метр баробар мебошад.

Майдони Нишони давлатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардонида шуда, роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда аз 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд.

Ҳамчунин иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор дона гулу буттаҳои мавсимӣ сабзу хуррам гардонида шуда, бо фароҳамсозии шароити зарурӣ ин майдон ба як макони диданӣ табдил ёфтааст ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон шабонгоҳ қариби 70 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояи Нишонро 10 адад чароғак хеле назаррабо мегардонанд.

Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин фаввораҳои зебо бунёд гардидаанд, ки тарҳи он муосир ва ҷолиби диққат мебошад.

Дар майдони Нишони давлатӣ қариб 100 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 3 айвонча низ мавҷуд аст.

Иншоот дар назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар шафати роҳи мошингард бунёд карда шуда, 320 метр девор ва 200 метр панҷараҳои иҳотавии бинои мазкур навсозӣ гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар майдони Нишони давлатӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Майдони навбунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир буда, ба макони асосии тамошо ва саёҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бунёди рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти муқаддости миллӣ амалӣ гардидааст.

Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон 23.08.2019

Август 23, 2019 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон