Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Ваҳдат ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Вахдат 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.
Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё-иншоот» ба анҷом расонидаанд.
Майдони Нишони давлатиро гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ зебою назаррабо гардонида, инҷо ба мавзеи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ëфтааст.
Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ саҳн ва атрофи иншооти мазкур басо зебою диданӣ мешавад.
Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулин вазифадор гардиданд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст.
Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он бахусус шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо низоми муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.
Дар шафати Нишони давлатӣ барои сокинон майдони сайру саёҳат низ сохта шуда, ин мавзеъ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.









Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






