Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, бино имрӯз бо сифати баланд бунёд гардид.
Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия тариқи ҳашар сохта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин як бинои замонавӣ, ки тариқи ҳашар сохта шудааст, аҳсану офарин хонданд.
Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандон шароити созгор мавҷуд набуд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис намудани ду сехи дӯзандагӣ дар ду деҳоти ноҳия 20 адад мошинаҳои нави дӯзандагӣ туҳфа карданд.
Ин имконият фароҳам меорад, ки чанд нафар занони хонашини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷои кор таъмин гардида, ҳамзамон ба ҷавондухтарон касби дӯзандагӣ омӯзонида мешавад.
Иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд






