Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷиратро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, дар шафати гулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур дар доираи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Шакл ва намои берунаи бино бо истифода аз усулҳои баланди меъморӣ оро ёфта, ба симои ноҳия зебогии дигар зам менамояд. Бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар масоҳати 513 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он ҳамчунин сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар ошёнаи якуми бино синфхонаҳои омӯзишӣ барои касбу ихтисосҳои «Таъмири техникаи маишӣ», «Сантехникӣ», омӯзиши корҳои назариявӣ ва амалӣ барои ихтисоси «Қаннодӣ», утоқи қабули шаҳрвандон, намояндагии филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и ноҳияи Темурмалик дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ, утоқҳои кории бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо феълан бо таҷҳизоти замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардида, дар як баст то 30 нафар касбомӯзон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифта мешаванд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд. Қобили зикр аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушду такомули соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ мебошад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






