Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд

Август 20, 2019 09:09

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр дар арафаи таҷлили сазовори 28-умин cолгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил намуда, атрофи он дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар паҳлӯи Парчам пояи Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд. Баландии пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деспе Газ” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 200 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳанд.

Зимни сохтмон бо дарназардошти сайругашти сокинону меҳмонон 20 нишастгоҳ ва чароғҳои равшанидиҳанда насб шудаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан — Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд дар майдони назди он чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст.

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.08.2019

Август 20, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия