Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Файзбахш»-ро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш”-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои навбунёди 2-ошёнаи кӯдакистон аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб ва ошхона мавҷуд аст. Толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ дар таҳхонаи бино ҷойгир шудаанд.
Кӯдакистон имкон дорад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд дар амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат менамояд.
Муассисаи томактабии “Файзбахш” дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи бонуи соҳибкори ноҳия Отиной Бутаева бо беҳтарин шароити таълиму тарбия сохта шудааст.
Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Масоҳати умумии кӯдакистон 25 садякро ташкил намуда, худи бино дар масоҳати зиёда аз 1609 метри мураббаъ сохта шудааст.
4 айвончае, ки дар саҳни ҳавлии боғча ба таври зебову назаррабо сохта шудаанд, барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 25 адад расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар Кӯдакистони хусусии “Файзбахш” ба сифати корҳои бунёдӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов маънидод намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






