Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар деҳаи Роғ мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ дар масоҳати 288 метри мураббаъ қомат афрохта, 10 ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои қабул ва муолиҷаи беморон бино бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ таъмин карда шудааст.
Бунёди иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Бино хуштарҳу замонавӣ сохта шудааст.
Шуъбаи табобатӣ аз ҳуҷраҳои бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, доругузаронӣ, ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи хатна ва ғайра иборат аст. Дар ин ҷо дар баробари табибони таҷрибадор мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда дар Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ шинос гардида, аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустиро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои масъулияти касбиашон комёбиҳо таманно намуданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд






