ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ шудан ба донишгоҳҳо чӣ афзалият медиҳад?

Август 3, 2019 12:07

ХУҶАНД, 03.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи июн Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон  зимни як ҷаласаи Шўрои худ пас аз хулосаи комиссияи махсус, ки моҳи май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  гузашта буд, се ихтисоси донишгоҳ -«Муносибатҳои байналхалқӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», «Молия ва қарз»-ро  аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, ДДҲБСТ-ро ба гирифтани шаҳодатномаи (сертификати) аккредитатсияи байналмилалӣ арзанда шуморид. Яъне, аз ин пас дипломҳои ин донишгоҳ аз рўи ихтисосҳои зикршуда дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд. Дар робита ба ин чанд нафар хонандагони сомона доир ба бартарият ва аҳамияти соҳиб гаштан ба чунин шаҳодатнома ба АМИТ «Ховар» муроҷиат намуданд. 

Савол: Мо, як гурӯҳ довталабон пас аз интишори хабарҳо дар воситаҳои ахбори омма  доир ба он ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидааст, мехостем фаҳмем, ки худи аккредитатсияи байналмилалӣ чист ва дорои шаҳодатномаи он гардидан барои донишгоҳ чӣ аҳамият дорад?

Шаҳзодаи Мавлон,
Гулчеҳра Маҳкамова,
Назокат Нозимова,
 Маҳина Ҳакимова,
гурӯҳи довталабон аз шаҳри Хуҷанд

Вобаста ба ин мавзӯъ ва паҳлӯҳои дигари гузариш аз аккредитатсияи байналмилалӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Суғд Абдуаҳад ШАРИФЗОДА   бо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Мумин ШАРИФЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Сараввал устодону донишҷӯёни донишгоҳро барои ноил гардидан ба ин муваффақият табрик мегӯем. Мегуфтед, ки ибораи аккредитатсияи байналмилалӣ чӣ мафҳумест ва аҳамияти гузариши донишгоҳ ба ин раванди таълим дар чист?

Мумин Шарифзода: Ташаккур. Маҳфуми аккредитатсияи байналмилалӣ  маънии эътироф шудани донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, яъне берун аз ҳудуди мамлакат шинохта шудани онро дорад.

Ҳар як донишгоҳе, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ фаъолият мебарад,  дар давоми муҳлати муайян аз  аккредитатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мегузарад, вагарна фаъолият карда наметавонад.

 Аммо барои дар сатҳи  ҷаҳонӣ муаррифӣ  шудани донишгоҳ ё ихтисосҳои он, инчунин ба рейтинги донишгоҳҳои бонуфуз наздик шудан ва ба ин васила дар сатҳи байналмилалӣ ба як мақоме соҳиб гардидан донишгоҳҳо бояд аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаранд.

АМИТ «Ховар»: Ғайр аз дохилшавӣ ба феҳристи донишгоҳҳои бонуфуз акредитатсияи байналмилалӣ боз  чӣ бартарият медиҳад?

Мумин Шарифзода: Афзалияти дигар ҳамин, ки сифати таълим  баланд бардошта   мешавад. Вақте  сифати таълим баланд ва ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ мегардад, имконияти фаъолияти донишҷӯёне, ки  ин ихтисосҳоро хатм мекунанд, на танҳо дар бозори дохилӣ, ҳамчунин берун аз мамлакат низ васеътар мегардад.

Хосатан, имрӯз вақте ки донишгоҳи мо дорои шаҳодатномаи ин Агентӣ гашт, ҳар як донишҷӯ -хатмкунандаи ин се ихтисос, ғайр аз диплом, инчунин соҳиби замимаи нусхаи шаҳодатномаи аз аккредитатсия гузаштани ин се ихтисос мегардад. Ин аллакай  бартарии калон аст барои пешбурди таҳсил ё фаъолияти кории донишҷӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо.

АМИТ «Ховар»: Яъне, минбаъд дипломи онҳое, ки аз рӯи ин се ихтисос донишгоҳро хатм мекунанд, дар кишварҳои дигари ҷаҳон эътироф мешавад?

Мумин Шарифзода: Бале.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки раванди пазириш ва гирифтанги шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ  чӣ гуна сурат гирифт?

Мумин Шарифзода: 19-20 июни соли гузашта дар донишгоҳ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия ва Беларус Конфронси байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот» баргузор гардид.

Ҳадафи он муайян намудани дурнамои рушди робитаҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, табодули таҷриба дар роҳи ҳамкории судманди макотиби олӣ ба ҳисоб мерафт.   Дар кори конфронс муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон С. Давлатзода ва намояндаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон  О. А. Яновская иштирок ва  суханронӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо масъалаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани якчанд ихтисосҳои амалкунандаи ДДҲБСТ муҳокима карда шуд. Аз моҳи сентябр дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ дар ин самт оғоз шуданд.

Барои омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалӣ дар донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои «Муносибатҳои байналхалқӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», «Молия ва қарз»-и донишгоҳ, моҳи ноябри соли гузашта байни Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини таҳсилоти босифат созишнома ба имзо расид.

Дар ҳамкорӣ бо Агентии мазкур донишгоҳ 3 барномаи таълимиро роҳандозӣ намуд. Барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳои номбурда нақшаи кории   донишгоҳ таҳия гардид.

Ва ниҳоят пас аз фаъолияти қариб яксола, моҳи июни соли ҷорӣ Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро барои қабул ва соҳиб шудан ба шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ муносиб дониста, барои ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» барои 5 сол, «Муносибатҳои байналхалқӣ» ва «Молия ва қарз» — 3 соли аккредитатсияи байналмилалӣ дод.

АМИТ «Ховар»: То имрӯз чанд муассисаи олии мамлакат аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд ва чаро аз байни дигар ихтисосҳо маҳз ин се ихтисоси донишгоҳи шумо интихоб гардиданд?

Мумин Шарифзода: Тавре иттилоъ дорам, айни ҳол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад, ки ихтисосҳои амалкунандаашро аз аккредитатсияи байналмилалии Агентии мазкур гузаронидааст.

Аввалан, талаботи корфармоён ба мутахассисони ин ихтисосҳо зиёд аст.  Аксари хатмкардагони ин ихтисосҳои донишгоҳ бо ҷои кор таъмин буда, дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ –иқтисодии мамлакат, чун вазорату  идораҳои давлатӣ, бонкҳо, ширкатҳои саҳомиву тиҷоратӣ, муассисаҳои илмиву истеҳсолӣ фаъолият доранд. Инчунин барномаҳои таълимии ин ихтисосҳо аксаран бо забонҳои хориҷӣ таҳия гардида, истифодаи технологияҳои иттилоотиву телекоммуникатсионии раванди таълим дар ин ихтисосҳо  ба таври самаранок  ба  роҳ монда шудааст. Ҳамзамон сатҳу сифати таълим дар ин ихтисосҳо ба талаботу стандартҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг мутобиқ гардонида шудаанд.

Мақсади аз акредитатсияи байналмилалӣ гузаштан  ҳам    ҳамин аст, ки пас аз хатм донишҷӯ дар истеҳсолот озодона кор карда тавонад,    на ин ки дар ҷои кор аз нав ба омӯзиш машғул шавад.

Имрӯз донишгоҳ бо зиёда аз 60 ташкилоту коргоҳҳо шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ин шартномаҳо  донишгоҳ мекӯшад  ҳангоми таҷрибаомӯзии донишҷӯ  иҷрои  ҳамаи корҳои амалӣ  бо иштироки бевоситаи  мутахассисони варзидаи соҳавӣ ҷараён гирад.

Инчунин бо мақсади бо ҷойи  кор таъмин намудани донишҷӯён раёсати донишгоҳ давоми ду сол аст, ки бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ҳамкории қавӣ дошта, мунтазам  дар донишгоҳ ва маркази вилоят ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир менамояд.

Ҳамзамон тибқи яке аз талаботи корфармо, донишҷӯён барои  бо кор таъмин шудан, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат, бояд, ки забонҳои хориҷӣ- русӣ, англисӣ ва хитоиро донанд. Аз ин лиҳоз, раёсати донишгоҳ бояд тибқи шартномаҳои тарафайн бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат на танҳо донишҷӯён, балки  омӯзгоронро низ  барои забономӯзӣ  сафарбар намояд. Ин омил низ метавонад заминаи  хубе баҳри дарёфти кори муносиб  гардад…

 ***

Хотиррасон бояд кард, ки  имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 6 факулта ва 29 кафедра амал намуда, беш аз 7000 донишҷӯ,  аз  ҷумла, беш аз 100 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Ҳоло донишгоҳ бо 12 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва  донишгоҳҳои хориҷӣ дар маҷмӯъ 66 шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Соли хониши 2018-2019 донишгоҳро 1438 нафар,  аз он 56 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд.

 

Август 3, 2019 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд