РЕАДМИССИЯ – БОЗПАСГАРДОНИИ ШАҲРВАНДОНИ ХУД АЗ ҚАЛАМРАВИ КИШВАРИ ДИГАР. Дар Душанбе Лоиҳаи Тавофуқнома миёни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2019./АМИТ «Ховар»/. 20-уми август дар доираи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳайати намояндагони ҶФГ таҳти роҳбарии сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи Вазорати федералии корҳои дохилии Германия Волфганг Хаммер ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқоти гурӯҳҳои корӣ, ки дар Душанбе доир гардид, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ғафурзода, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Шоҳиён, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Шарипов, аз аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Германия — Елена Ланге-Братанова, Петер Шмидт ва Кнут Штайнхайзер иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи бозпасгардонӣ(реадмиссия) мавриди баррасӣ қарор доданд.
Реадмиссия (англ. to readmit — бозпас қабул кардан) — розигии давлат ҷиҳати ба қаламрави худ бозпас қабул намудани шаҳрвандони худ (инчунин, дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони хориҷие, ки қаблан дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ кардаанд) мебошад, ки бояд аз қаламрави давлати дигар иҷборан хориҷ (депортатсия) карда шаванд.
Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои ба расмият даровардан ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Германия пешниҳод карда мешавад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германияро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.











«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






