РЕАДМИССИЯ – БОЗПАСГАРДОНИИ ШАҲРВАНДОНИ ХУД АЗ ҚАЛАМРАВИ КИШВАРИ ДИГАР. Дар Душанбе Лоиҳаи Тавофуқнома миёни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия баррасӣ гардид

Август 21, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2019./АМИТ «Ховар»/. 20-уми август дар доираи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳайати намояндагони ҶФГ  таҳти роҳбарии  сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи Вазорати федералии корҳои дохилии  Германия Волфганг Хаммер ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти гурӯҳҳои корӣ, ки дар Душанбе доир гардид, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ғафурзода,  сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Шоҳиён, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Шарипов, аз  аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Германия — Елена Ланге-Братанова, Петер Шмидт ва Кнут Штайнхайзер иштирок намуданд.

Дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни  Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи бозпасгардонӣ(реадмиссия) мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Реадмиссия (англ. to readmit — бозпас қабул кардан) —  розигии давлат  ҷиҳати ба қаламрави худ бозпас қабул намудани шаҳрвандони худ (инчунин, дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони хориҷие, ки қаблан дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ  кардаанд) мебошад, ки бояд аз қаламрави давлати дигар иҷборан хориҷ (депортатсия) карда шаванд.

Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои ба расмият даровардан ба сохторҳои  дахлдори Тоҷикистону Германия  пешниҳод карда мешавад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону  Германияро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.

Август 21, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд