САРОЯНДАИ НОМВАР МАНСУР ҶАЪФАРӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД! Сокинону меҳмонони пойтахтро ҷолибтарин барномаи фароғатии сол — Фестивали тобистонаи Душанбе интизор аст
ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Иштироки сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ, бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон, пешниҳоди беҳтарин шириниҳо барои дӯстдорони он, ташкили гӯшаи писандидаи ҷавонон, навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нуқтаҳои фурӯши меваҳои шаҳдбори сарзамин, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок — ин ҳама барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар Фестивали тобистонаи Душанбе, ки 17-18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мешавад, пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳр мегарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.
Вуруд ба фестивали мазкур тавассути «CityCard» ба роҳ монда мешавад. Нархи вуруд ба фестивал ҳанӯз муайян нашудааст, аммо қарор аст, ки он набояд аз 30 сомонӣ боло бошад. Даромад барои хурдсолони аз 3 то 10-сола ройгон аст.
«Дар Фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ ташкил мегардад. Ҳунармандон метавонанд, ки маҳсулоти худро пешниҳоди тамошобинон гардонанд. Иштироки ҳунармандон дар ин фестивал ройгон буда, онҳо метавонанд тавассути суроғаи электронии daminzoda@gmail.com ҷиҳати иштирокашон дар он муроҷиат намоянд»,-афзуд манбаъ.
Тавре дар боло ишора рафт, дар Фестивал аз ҷониби сарпарастон (TurkishAirlines, ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон) бурдҳои қиматнок, аз ҷумла 10 адад дучарха ва дигар ашёи арзишнок ба роҳ монда шудаанд. Иштирокдорон метавонанд чиптаи саёҳат ба Туркияро, ки он аз ҷониби ширкати ҳавоии «Turkish Airlines» ба роҳ монда шудааст, бурд намоянд.
Фармоишгари Фестивал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, бароҳандозандаи он «Рӯъё продюссер» (Rooyo Production) ва сарпарастонаш Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ширкати ҳавоии туркӣ (Turkish Airlines), ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018, ки 18-19 августи соли 2018 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт баргузор гардида буд, сазовори Ҷоизаи байналмилалии нуқрагин дар соҳаи баргузориии барнома ва рӯйдодҳои маркетингии Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia») гардид.
Тибқи натиҷагирии ташкилоти мазкур, дар номинатсияи «Беҳтарин барномаи оммавӣ», ки он миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор шуд, Фестивали тобистонаи Душанбе — «Dushanbe Summer Fest»-2018 , ки дар он зиёда аз 40 ҳазор нафар одамон иштирок намуда буданд, сазовори ҷои дуюм гардид.
Дар ҳайате, ки ба натиҷаҳои ин лоиҳа баҳогузорӣ намуд, маъруфтарин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия ва Молдавия иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Фестивали тобистонаи Душанбе—«Dushanbe Summer Fest»-2018 бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Онҳо доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузарониданд ва сипас чанд пуфаки ҳавоӣ ба фазо сар дода шуд.
Дар ин Фестивал барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла бо иштироки ҳунармандони театрҳои пойтахт намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шӯхӣ пешниҳод гардид.
Ба иштирокдорони Фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатие, ки бо ҳунарнамоии санъаткорони машҳур, аз ҷумла Парвиз Назаров, Баҳром Ғафурӣ, гурӯҳи «Авесто» ва овозхони ҷавону умедбахш Меҳрона Ғайбуллоева доир гардид, хуш омад.
Дар Фестивал ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Дар фестивал ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ба иштирокдорон таомҳои миллии худро пешниҳод намуданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
Дар аксҳо : Фестивали тобистонаи Душанбе, 18-19 августи соли 2018












Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад






