САРОЯНДАИ НОМВАР МАНСУР ҶАЪФАРӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД! Сокинону меҳмонони пойтахтро ҷолибтарин барномаи фароғатии сол — Фестивали тобистонаи Душанбе интизор аст

Август 2, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Иштироки сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ, парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ,  бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон, пешниҳоди беҳтарин шириниҳо  барои дӯстдорони он,  ташкили гӯшаи писандидаи  ҷавонон,  навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нуқтаҳои фурӯши меваҳои шаҳдбори сарзамин, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок —  ин ҳама барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  дар  Фестивали тобистонаи Душанбе, ки 17-18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мешавад,  пешниҳоди  сокинону меҳмонони шаҳр мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.

Вуруд ба фестивали мазкур тавассути «CityCard» ба роҳ монда  мешавад.  Нархи  вуруд ба фестивал ҳанӯз муайян нашудааст, аммо қарор аст, ки он набояд аз 30 сомонӣ боло бошад. Даромад барои хурдсолони аз 3 то 10-сола ройгон аст.

«Дар Фестивал  намоиши  ҳунарҳои мардумӣ низ ташкил мегардад. Ҳунармандон метавонанд, ки маҳсулоти худро пешниҳоди тамошобинон гардонанд. Иштироки ҳунармандон дар ин фестивал ройгон буда, онҳо метавонанд тавассути суроғаи электронии  daminzoda@gmail.com ҷиҳати иштирокашон  дар он муроҷиат намоянд»,-афзуд манбаъ.

Тавре дар боло ишора рафт, дар Фестивал аз ҷониби сарпарастон (TurkishAirlines,  ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон)  бурдҳои қиматнок,  аз ҷумла 10 адад дучарха ва дигар ашёи арзишнок ба роҳ монда шудаанд. Иштирокдорон  метавонанд   чиптаи саёҳат ба Туркияро, ки он аз ҷониби ширкати ҳавоии   «Turkish Airlines» ба роҳ  монда шудааст, бурд намоянд.

Фармоишгари Фестивал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, бароҳандозандаи он «Рӯъё продюссер» (Rooyo Production)  ва сарпарастонаш Федератсияи Футболи Тоҷикистон,  ширкати ҳавоии  туркӣ  (Turkish Airlines),  ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур  бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018,   ки 18-19 августи соли 2018   бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт баргузор гардида буд,   сазовори     Ҷоизаи    байналмилалии нуқрагин дар соҳаи  баргузориии барнома  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia»)  гардид.

Тибқи натиҷагирии   ташкилоти   мазкур, дар номинатсияи «Беҳтарин барномаи оммавӣ», ки он миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон   ва Қазоқистон   баргузор шуд,  Фестивали тобистонаи Душанбе — «Dushanbe Summer Fest»-2018 , ки дар он зиёда аз 40 ҳазор нафар одамон иштирок намуда буданд, сазовори ҷои дуюм гардид.

Дар  ҳайате, ки    ба натиҷаҳои   ин лоиҳа баҳогузорӣ намуд, маъруфтарин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва  аҳли фарҳанги Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Латвия  ва  Молдавия  иштирок  намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар  Фестивали тобистонаи Душанбе—«Dushanbe Summer Fest»-2018  бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  гурӯҳи  оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ширкат варзиданд. Онҳо доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ  машғулиятҳои омӯзишӣ   гузарониданд ва   сипас   чанд пуфаки ҳавоӣ  ба  фазо   сар  дода шуд.

Дар ин Фестивал барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шӯхӣ пешниҳод  гардид.

Ба иштирокдорони Фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатие, ки   бо ҳунарнамоии  санъаткорони машҳур, аз  ҷумла  Парвиз Назаров, Баҳром Ғафурӣ,  гурӯҳи  «Авесто»  ва овозхони  ҷавону умедбахш Меҳрона Ғайбуллоева доир гардид,  хуш омад.

Дар Фестивал  ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллӣ  ба намоиш ва  фурӯш гузошта шуданд. Дар фестивал ҳамчунин  намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ба иштирокдорон таомҳои миллии худро пешниҳод намуданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Дар аксҳо : Фестивали тобистонаи Душанбе, 18-19 августи соли 2018

 

Август 2, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд