Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор доданд

Август 6, 2019 08:13

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия  сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ иборат буда, қабати дуюм аз синфхонаҳо, утоқи роҳбарият, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Корҳои сохтмонии бинои кӯдакистон моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба истифода  дода шуд. Масоҳати умумии бино 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур мушкилоти фарогирии кӯдакон дар ноҳия бартараф шуда, имкониятҳо барои қабули онҳо бештар гардид. Зеро агар то ба  ин дам дар кӯдакистон ҳамагӣ 2 гурӯҳ  фаъолият  дошт, акнун баъд аз истифодаи бинои нав 6 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Яъне ин маънои онро дорад, ки дастури Пешвои миллат ҷиҳати фарогирии кӯдакон то 30 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ дар сесолаи баъдӣ босуръат амалӣ гардида истодааст.

Фармоишгари бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд. Тарҳу симои дохил ва берунаи бино бо ҳар гуна аксҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфта, атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабз зебо гардонида шудааст.

Зимни боздид аз кӯдакистон Пешвои муаззами миллат аз иҷрои корҳои анҷомёфта ва дар муддати кӯтоҳ ба истифода супоридани он изҳори сипос намуда, ба мураббиёну маорифчиёни ноҳия дастуру супоришҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон сохтмони боз якчанд кӯдакистони замонавӣ идома хоҳад ёфт.

Ба истифода додани бинои боғчаи кӯдакон дар ноҳияи Балҷувон 06.08.2019

Август 6, 2019 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд