Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни нашъунамои майдони картошка дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд

Август 20, 2019 13:59

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» бо фаъолияти кишоварзон шинос шуда, аз ҷараёни нашъунамои картошка дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати заминҳои корам дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба 124,2 гектар баробар буда, аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд. Деҳқонони хоҷагӣ пайваста барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ талош карда, дар парвариш ва захираи ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ аз роҳу услуҳои нав ва тухмиҳои хушсифат истифода мебаранд. Феълан дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» навъҳои гуногуни картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Бик Роза», «Алладин», «Пикасо» ва ғайра парвариш карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли гузашта кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Роғ» аз ҳар гектар замин аз 250 то 300-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда буданд. Имсол вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳаво дурнамои ҳосил аз ҳар гектар то 350- сентнерӣ аст.

Деҳқонон барои нигаҳдории картошка аз чағора-анбори зеризаминӣ истифода мебаранд. Танҳо дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 205 адад чунин анборҳои зеризаминӣ мавҷуд буда, ғунҷоиши ҳар яке аз онҳо аз 8 то 25 тоннаро дар бар мегирад. Мувофиқи иттилои мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чунин анборҳои зеризаминӣ имкон медиҳанд, ки картошка дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шуда, тару тоза ва босифат ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда шавад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва нашъунамои картошка дар деҳаи «Роғ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ноҳиявию ҷумҳуриявиро вазифадор сохтанд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, сол аз сол масоҳати заминҳои корамро васеъ гардонанд. Зеро фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ, хони пурнозу неъмати сокинон ва ниҳоят татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста аст.

Бояд гуфт, ки бо супориши Сарвари давлат дар деҳаи Роғ Маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ фаъолият дошта, хоҷагидоронро бо тамоми техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла таҷҳизот барои ҷамъоварии картошка ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мекунад. Маркази техникӣ, ки аз ҷониби КВД ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» сохта ба истифода дода шудааст, талаботи хоҷагиҳои деҳқониро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба пуррагӣ қонеъ мегардонад.

Боздид аз рафти нашъунамои майдони картошка дар хоҷагии деҳқонии "Роғ"-и Кӯҳистони Мастчоҳ 20.08.2019

Август 20, 2019 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд