Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои филиали «Амонатбонк»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро дар ин ноҳия мавриди истифода қарор доданд.
Бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро доро мебошад.
Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудаанд.
Фармоишгари корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда-2012” мебошад.
Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиёти бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонки давлатӣ дар ноҳия мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд.
Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






