Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд» — ро ифтитоҳ намуданд.
Ин корхонаи азими саноатӣ дар маҳаллаи «Ваҳдат» — и шаҳри Хуҷанд, дар майдони 9288 метри мураббаъ замини ғайрикишоварзӣ ва бекорхобида бунёд гардида, самти фаъолияти он ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ нигаронида шудааст.
Барои истеҳсоли масолеҳ дар ин корхона дар қитъаи «Хорокон» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи «Ровакон» — и ноҳияи Ашт сангҳои табиӣ истихроҷ карда шуда, дастрас карда мешавад. Захираи ашёи хом дар ин конҳо барои беш аз 50 сол кофӣ мебошад.
Ҳаҷми истихроҷи хоросанг дар корхонаи мазкур дар як моҳ аз 60 то 120 метри мукаабро ташкил медиҳад. Бо истифода аз ин дар корхона тахтасанг, панҷара, фаввора, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон, инчунин монеаҳо барои роҳрав, сафолакҳо, пардаовез, сутунпояҳо ва дигар номгӯи маҳсулот бо шакл, ҳаҷм, миқдор ва ороиши гуногун истеҳсол карда мешавад.
Барои истихроҷ ва коркарди санги хоро дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст ва раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Бештари дастгоҳу таҷҳизоти корхона, аз ҷумла дастгоҳи суфтакунӣ, бори нахуст ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.
Санги мармар бошад, дар ҶДММ «Хорои Хуҷанд» мутобиқ ба фармоиши мизоҷон аз ширкатҳои истихроҷкунандаи ватанӣ дастрас карда шуда, коркард мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд» 58 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардидааст. Масъулон нақша доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти корхонаро васеъ намуда, дар ҳамин замина боз 30 ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд.
Ифтитоҳи ин корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Хуҷанд дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ заминаи устувор мегузорад.
Баъди шинос шудан бо истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро тамошо намуданд. Дар ин намоишгоҳ номгӯи гуногуни маҳсулот ва масолеҳи дар ин корхона истеҳсолшаванда ба намоиш гузошта шуд.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, имконияти фаррохи истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, аз ҷумла санг мавҷуд аст ва истифодаи самараноку оқилонаи он муҳим мебошад. Бо назардошти ин ва ҳамзамон зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот дар мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҶДММ «Хорои Хуҷанд» ҷиҳати боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини пурраи талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти аз санг омодашуда, дастуру ҳидоятҳо доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






