Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасониро дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои Маркази хизматрасонӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои дӯхти сару либос, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба сокинон шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи 1-уми бино толори намоиш ва фурӯши сару либос ва ҳунарҳои миллӣ, сартарошхона ва ошхона ҷойгир буда, дар қисмати дигари он либосҳои мактабӣ, тиббӣ, ҳарбӣ ва сару либоси миллӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ошёнаи 2-юми Маркази хизматрасонї аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Коргоҳи мазкур бо қариб 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба таъкиди масъулин, ба хотири қонеъ кардани талаботи мизоҷон то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ 10 нафар занону ҷавондухтарони деҳаи Лоҳутӣ дар пойтахти мамлакат ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ҷалб гардида, нозукиҳои ин касбро омӯхтанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонданд ва аз занони соҳибкасб даъват ба амал оварданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ саҳми хешро гузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






