Шиноварони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Венгрия иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20-25 август дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия Чемпионати VII ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он шиноварони тоҷик низ иштирок мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионат иштироки ҳудуди 1000 нафар шиновари ҷавони синнашон 15-18 (бонувон) ва 14-17 (мардҳо) аз 107 давлат дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин чемпионат 3 варзишгар – Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова таҳти роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби наврасони мамлакат оид ба шиноварӣ Аҳмадҷон Умаров намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарон аз рӯи 42 қувваозмоӣ миёни мардҳо ва бонувон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд. Ҳамаи мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии «Дуна Арена» мегузаранд.
Бояд тазаккур дод, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) бори аввал соли 2006 дар Рио де Жанейрои Бразилия доир гашта, баъдан соли 2008 дар Монтеррейи Мексика, соли 2011 дар Лимаи Перу, соли 2013 дар Дубайи АМА, соли 2015 дар Сингапур ва соли 2017 дар Индианаи ИМА гузаронида шуд.









Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






