Суди шаҳри Ваҳдат Раҷаббек Муродовро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани мошин ҷарима намуд
ВАҲДАТ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат сокини деҳаи Тангаии Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Раҷаббек Муродовро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 16 ҳазору 500 сомонӣ таъйин намуд. Суд ҳамчунин Раҷаббек Муродовро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. Дар ин бора муовини раиси Суди шаҳри Ваҳдат Бахтиёр Холиқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҷавобгар Раҷаббек Муродов оиладор, соҳиби 4 фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад. Ӯ ба ин мушкилоти зиндагиаш нигоҳ накарда, ба майнӯшӣ даст зада, воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Тангаӣ идора намуда, барои кӯдакону наврасону сокинони деҳа хатар эҷод намудааст. Мавсуфро дар ин ҳолат нозирони ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дастгир намудаанд.
Бахтиёр Холиқзода гуфт, ки соли равон ба Суди шаҳри Ваҳдат бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт 34 парванда ворид гардид. Аз ин парвандаҳои воридгардида 30 парванда баррасӣ шуд, ки 23 нафар ронандагони майнӯш аз сабаби паст будани вазъи иқтисодияшон 15- рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуданд ва 7 нафари дигар ба маблағи 115 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуданд.
Инчунин 30 нафар ронандагони маст аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум карда шуданд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






