СУРХ, ЗАРД, САБЗ. 5 август дар аксари кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳнамо таҷлил мегардад

Август 5, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 05.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 август  дар аксар кишварҳои олам   Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳнамо (светофор) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз  пас аз воқеае ба вуҷуд омадааст, ки 5 августи соли 1914 рух дода буд.   Дар ин рӯз дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Кливленти Америка таҷҳизоте насб карда шуд, ки чорағакҳои раҳнамои имрӯзаро ба хотир меорад. Ин таҷҳизот аз чарағакҳои ранги сурху сабз иборат буд ва дастӣ ба кор дароварда мешуд ва ҳангоми фаъол гардонидан садо мебаровард…

 Аммо нахустин чароғаки раҳнаморо ҳанӯз соли 1868 шаҳрванди Британия Ҷей Найт ихтироъ карда буд, ки он  дар назди бинои Парлумони Британияи Кабир  дар   шаҳри Лондон насб карда шуд. Идоракунии чароғак ҳамон вақт низ дастӣ анҷом дода шуда, ду ранг дошт ва шабона бо лампаҳои газии аз поён равшанидиҳанда кор мекард. Мутаассифона, аввалҳои соли 1869 лампаи ин таҷҳизот таркид ва корманди  полис, ки онро идора мекард, маҷрӯҳ шуд. Баъди ин ҳодиса, то пайдо шудани чароғаки раҳнамои худкор он қариб 50 сол ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт…

Маъмулан чароғаки роҳнамо дар шаҳрҳои бузург ва махсусан пойтахтҳо аломати зарурии роҳ маҳсуб меёбад, зеро аҳолӣ ва нақлиёте, ки дар онҷо мавҷуданд, нисбатан бештаранд.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 318 мавзеъ чароғаки роҳнамо насб гардидааст, ки аз ин шумора 147- тояш дар шаҳри Душанбе мебошад. Ғайр аз ин, имрӯз дар баъзе хиёбонҳои шаҳри Душанбе чароғакҳое мавҷуданд, ки худкор буда, танҳо ҳангоми аз ҷониби роҳгузар пахш кардани тугмача рангашонро тағйир медиҳанд.

Бояд гуфт, ки то пайдоиши чароғаки роҳнамо кормандони милитсия дар чорроҳа ва гузаргоҳҳо истода, ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардонро таъмин менамуданд. Дар мо низ дар вақтҳои муваққатан аз кор мондани ин аломат чунин тадбирҳо андешида шуда, то бартараф кардани камбудии пайдошуда ҳаракат дар роҳ  аз ҷониби нозирон ба танзим дароварда   мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таъмини ҳаракат дар роҳро яке масъалаҳои муҳим шуморида, дар ин самт тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аввалин қадаме мебошад, ки дар ин самт гузошта шуд. Қонуни мазкур моҳи ноябри соли 1995 бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ қабул гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳро муайян менамояд.

«Тартиби оғози ҳаракат, тағйири самти ҳаракат, ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, газаштан аз чорроҳа, гузаргоҳҳои пиёдагард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, истифодаи асбоби нурафкани берунӣ, қоидаҳои ҳаракати пиёдагард, ҳаракати велосипедрон, чорворон, аробакаш, инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешавад»,- омдадааст дар моддаи 3-юми қонуни мазкур.

Тадбирҳои дигаре, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ андешида шуданд, боиси зикри хос мебошанд.

Аввал, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

Дуюм, охири моҳи октябри соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунии нақлиёт дар шаҳри Душанберо расман ба кор дароварданд. Яъне дар ин рӯз шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанбе ба кор дароварда шуд. Тибқи маълумоти соли 2018, ҳоло дар 73 чорроҳаи ҳудуди шаҳри Душанбе камераҳои «Шаҳри бехатар» ба таври шабонарӯзӣ қоидавайронкуниҳоро сабт мекунанд. Ба гуфтаи масъулин, ин тадбир сабаби тадриҷан паст гардидани қоидавайронкунӣ ва садаманокӣ  дар роҳҳои пойтахт гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷаҳон беш аз 1 млн нафар ба ҳалокат расида, 50 млн нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Сол то сол афзоиши ин шумора сабаби нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Ин дар ҳолест, ки бехатарии ҳаракат дар роҳ яке аз проблемаҳои глобалӣ дар самти ҳаёти иҷтмоӣ, иқтисодӣ ва тандурустӣ ба шумор рафта, ҳамасола зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар бештари кишварҳои дунё роҳи ҳалли ин мушкилиро дучанд мушкилтар мегардонад.

 «Бино бар сабаби андешидани тадбирҳои судманд ва гузаронидани корҳои тарғиботӣ ҳодисаҳои роҳу нақлиёт нисбат ба соли 2018 кам гардидааст», — иброз дошт Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода даҳаи сеюми моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, дар шаш моҳ дар қаламрави мамлакат 522 садамаи роҳу нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 134 ҳодиса марговар мебошанд. Дар натиҷаи ҳодисаҳои мазкур 181 нафар ба ҳалокат расида, 567 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Тавре дар нишасти матбуотии мазкур гуфта шуд, давоми соли гузашта ва шаш моҳи соли равон тавассути «Шаҳри бехатар» зиёда аз 197 ҳазору 600 қоидавайронкунӣ ошкор гардидааст. Шумораи қоидавайронкуниҳое, ки дар ним соли 2019 баррасӣ гардиданд, 120 ҳазору 613 ададро ташкил дода, аз ин ҳисоб бештар аз 11 миллиону  814 ҳазор сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои сипаригардида камтар мебошад.

Сеюм, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, гуфтанд: «Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».

Пешвои миллат дар идомаи таҳлилҳои амиқи худ аз он ёдовар шуданд, ки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафта барои садамаҳои нақлиётие, ки боиси ҳалокати одамон мешаванд, ҷазои бисёр сахт ва ҳатто ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. «Дар Япония, Чин, Таиланд ва баъзе штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳукми қатл ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 20 сол ва дар Канада ҷазои ҳабси якумрӣ пешбинӣ гардидааст», — мисол оварданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

28 августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқие буданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои болозикри Сарвари давлат ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи тағйиру иловаҳои ба кодексҳои мазкур воридгардида, аз ҷумла муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд ва барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуд.

Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда шудааст.

Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ шудааст.

Ва ниҳоят, дар пойтахти мамлакат бо мақсади кам кардани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати пиёдагардон аввалин эстакадаи сесатҳа дар Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Эстакадаи мазкур дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи 82 бунёд гардида, як сол қабл моҳи сентябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ—27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе сохтмони эстакадаи дуюми сесатҳа  идома дорад, ки дар назар аст то охири соли равон ба истифода дода шавад.

«Эстакадаи  сесатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат, то охири соли равон ба истифода дода мешавад», — иттилоъ дода буд моҳи январи соли равон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ.

Мавсуф зикр намуд, ки тибқи  нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд ду сол идома меёфт, вале Сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд. Гуфтанист, ки ҳоло дар ин самт корҳо бомаром ҷараён доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то соли 2040, яъне дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе  дар пойтахти мамлакат 20 адад  чунин чорроҳаҳои сесатҳа сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки бештари шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиётие, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, дар натиҷаи омилҳое ба амал омадаанд, ки ба ҳамагон маълуманд ва онро дар айни замон метавон пешгирӣ ва чораҷӯӣ намуд. Аз ҷумла, баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард омилҳоеянд, ки дар сурати пешгирии он метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирифта, бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем.

Созмони Милали Муттаҳид баҳри бартарафсозӣ ва пешгирии ин мушкилот солҳои 2011-2020- ро Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ эълон  намудааст.

Метавон гуфт, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадбиқи ин даҳсола дар мамлакати мо заминаи устувор гузоштаанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Август 5, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд