Табибони шаҳри Ҳисор иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ, умедҳои тоза ва рӯҳбаландӣ истиқбол гирифтанд-бардошт аз маросими идона

Август 18, 2019 19:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шаҳри Ҳисор сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ оғоз  ёфта,  айни  ҳол сохтмони  Маркази саломатии деҳоти Ойбош, Хонақоҳи   кӯҳӣ,  бунгоҳи саломатии  Равшандилон идома дорад. Матлаби мазкур зимни таҷлили  мавлуди алломаи Машриқзамин-  Шайхурраис  Абӯалӣ ибни Сино, ки ҳамасола чун Рӯзи кормандони тиб  таҷлил мегардад,  дар маросими бошукӯҳе дар шаҳри Ҳисор  иброз гардид.

Иди касбиро ба аҳли табибон, ҳамширагони шафқат раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода табрик намуда, ба кулли ворисони Сино бахту саодат ва дар касби пуршарафашон муваффақият таманно кард.

Зикр гардид, ки табибони шаҳр иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ, умедҳои тоза ва рӯҳбаландӣ истиқбол мегиранд. Онҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ меҳнат менамоянд. «Эътимоди комил дорам, ки минбаъд  кормандони соҳа дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии аҳли ҷомеа ва ояндаи неки онҳо шоиста меҳнат менамоянд»,- гуфт Шарифҷон Ҷумазода.

Дар маросими таҷлили Рӯзи табибон кормандони касбӣ ва собиқадорони соҳаи тибби шаҳр  бо туҳфаю сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар самти ёрии таъҷилӣ нақлиёти хизматрасон ба беморхонаи марказии шаҳр дастрас  гардида, барномаи консертии аҳли ҳунари шаҳр ба барномаи идона  тароват зам намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои иҷрои

корҳои ташхисию табобатӣ, таъмиру ободонии муассисаҳои тандурустии шаҳри Ҳисор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла, давоми соли равон дастгоҳҳои «Чекэксперт» барои таҳлили балғам, ФАЗА – 5 нафаси сунъӣ барои навзодон ва кўдакон, асбоби озмоишии «Хело бактерӣ», «Балғамкашаки барқӣ» барои тоза кардани роҳҳои нафас дастрас шуданд, ки дар баробари беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ барои дарёфти саривақтии беморӣ ва ба дигар шаҳру минтақа нарафтани беморон аҳамияти калон доранд.

Инчунин сохтмони Беморхонаи марказии шаҳр барои 205 кат аз тарафи Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар сурати пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Бо дастгирии  соҳибкорон ва аҳолӣ дар деҳаҳои Сайидон, Мавлонҷари боло, Мурутак, Хоҷамастон сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ ба анҷом  расида,  рӯзҳои наздик  ба истифода дода хоҳанд шуд. Бунгоҳи саломатии   Ситора  бо  дастгирии  соҳибкорон  ва  аҳолӣ пурра аз таъмири  куллӣ бароварда шуда, дар марказҳои саломатии деҳоти Нурафшон,  Ӯзбекистон  таъмири  куллӣ идома дорад. Инчунин дар деҳаҳои  Варгандок, Ҳоҷигирдоб, Ангулӣ, Гачак, Қаҳрамон, Ҳуснобод, Булбулчашма, Ҷиргинак, Сабзазор, Лолазор, Хайробод, Чинор,  Ҳафттеппа  сохтмони бунгоҳҳои  саломатӣ ба  нақша  гирифта шуда,   ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои  сохтмонӣ  оғоз  гардидаанд.

Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхисию табобатӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Маҷидов, клиникаи хусусӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз сӯи соҳибкор Давлат Эшов, Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозӣ дар кӯчаи Файзулло Абдуллоев аз ҷониби соҳибкор Рустам Муҳаммадзода, Беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Хонақоҳи кӯҳӣ барои 90 кат аз ҷониби соҳибкор Абдуқаҳҳор Холов, Маркази ташхисию табобатӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Маҷидов оғоз гардида, сохтмони Беморхонаи бемориҳои пӯст ва узвҳои таносулӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  дар назар аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби худ омода аст барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ ва рушди хизматрасонии тиббӣ, таъмини соҳа бо технологияи замонавӣ ва таъминот бо кадрҳои баландихтисос аз рӯи шароити мавҷуда саҳмгузор бошад.

Август 18, 2019 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид