Таркишҳои ҳастаӣ ғайр аз бадбахтӣ ба инсон чизи дигар намеоранд. 29 август — Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ

Август 29, 2019 10:34

ДУШАНБЕ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ин ягона моҳвораи радифӣ (дар акс) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба воситаи он оид ба озмоишҳои ҳастаӣ, ҳодисаҳои сейсмикӣ, радионуклидӣ, инфраовозӣ, гидроакустикии тамоми ҷаҳон ҳамарӯза маълумот дастрас мегарданд. Дар ин бора дар арафаи Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Агентии амнияти ядроӣ ва ридиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мудири озмоишгоҳи хизматрасонӣ-техникӣ, номзади илмҳои техникӣ Бахтиёр БАРОТОВ   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  хабар дод.

Бино ба маълумоти номбурда, соли 2005 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии маълумот (National Data Center)-ро таъсис дод. Ин марказ бо яке аз сохторҳои Комиссияи тадорукотии Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ (СТВТО) ҳамкорӣ намуда, ба маълумоти Маркази байналмилалии маълумоти СТВТО (IDC) дастрасӣ дорад.

Ба ин маълумот коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти геофизикӣ, Институти геология, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ доранд.

«Вазифаи асосии Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ (СТВТО) ҳамчун зерсохтори СММ назорат ва мониторинги озмоишҳои ҳастаӣ мебошад. Барои иҷрои ин вазифа созмони мазкур дар тамоми минтақаҳои кураи Замин стансияҳои гуногуни сейсмикӣ, радионуклидӣ, инфраовозӣ ва гидроакустикӣ насб намудааст ва ба таври онлайн маълумотро аз ин стансияҳо ба Маркази байналмилалии маълумот (IDC) мефиристад. Давлатҳои аъзо аз ин марказ маълумот дастрас менамоянд»,-гуфт Бахтиёр Баротов.

Ба нақли ӯ, ин стансияҳо ғайр аз назорати озмоиши ҳастаӣ,  инчунин дар соҳаи амнияти шаҳрвандӣ- назорати ҳолати сейсмикӣ, огоҳкунии аҳолӣ аз омадани сунами, вазъи радиатсионии минтақаҳо, ҳаракати пиряхҳо ва ғайра низ истифода мешаванд.

Агар ба харитаи атомии ҷаҳон назар кунем, қариб, ки дар тамоми давлатҳо стансияҳо гузошта шудаанд. Қароргоҳи Маркази байналмилалии маълумот (IDC) дар Вена ҷойгир аст. Ҳамарӯза дар марказ дар бораи ҳодисаҳое, ки ба амал меоянд, маълумот ҷамъоварӣ мешаванд. Масалан, се озмоиши ҳастаии зеризаминӣ, ки Кореяи Шимолӣ гузаронида буд, аз тарафи ҳамин марказ худи ҳамон соат макону иқтидораш муайян гардида, ба  давлатҳои аъзо фиристода шуд.

Дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Қирғизистон ва Қазоқистон стансияҳои сейсмикиву радионуклидӣ гузошта шудаанд. Дар дигар давлатҳо  дастгоҳҳои мавҷқабулкунанда насб карда шудаанд.

«Дар ҷумҳурӣ мо назорати озмоишҳои ҳастаиро бо якчанд роҳҳо метавонем муайян кунем. Масалан, дар Хадамоти геофизикӣ стансияҳои  сейсмикии гуногун  насб карда шудаанд, ки ҳамарӯза онро назорат мекунанд. Хадамот зилзилаҳои дар Тоҷикистон ба вуқӯъ меомадаро ба қайд мегирад. Ба воситаи ин стансияҳо муайян карда мешавад, ки зилзила аз таркиш ё озмоиши силоҳи ҳастаӣ ба вуҷуд омадааст. Чунки зилзилае, ки аз таркиш ба амал меояд, хусусияти мавҷии дигар дорад»,-иброз кард ҳамсуҳбат.

Инчунин зикр гардид, ки Агентии обуҳавошиносии мамлакат дар ҷойҳои муайян стансияҳои филтркунии ҳаво насб кардааст, ки радионуклидҳоро майян мекунанд. Ба воситаи онҳо заррачаҳоеро, ки ба воситаи ҳаво меоянд, филтр карда, дар ҳолати зарурӣ ба мо мефиристанд. Яъне озмоишҳои ҳастаӣ якчанд ҳодисаҳо, аз ҷумла заминҷунбӣ, чангу ғубор ва ҳаворо ба ларзиш медароранд. Бинобар ин барои муайян кардани чунин озмоишҳои ҳастаӣ якчанд мақомоти дахлдор дар якҷоягӣ фаъолият мекунанд.

Дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи миллии Ҳамкории техникии МАГАТЭ озмоишгоҳ бо якчанд асбобҳои замонавии ҳассос барои андозагирӣ ва таҳлили маводи ядроӣ ва радиоактивӣ таъмин гардид. Соли 2016 тамоми озмоишгоҳ ва асбобҳо аз аккредитатсияи давлатии озмоишгоҳ дар Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронида шуд. Кормандони озмоишгоҳ барои коромӯзӣ ба хориҷи мамлакат фиристода шуда, дар он ҷо тарзи истифодаи ин таҷҳизотро омӯхтанд.

«Натиҷаҳои таҳлилҳо қариб ба стандартҳои байналмилалӣ наздик ҳастанд. Мо дар озмоишҳои байнидавлатӣ иштирок мекунем, то фаҳмем, ки оё натиҷаҳои мо бо натиҷаҳои ҳамсоякишварҳо ва дигар давлатҳои Аврупо дуруст аст ё не. Натиҷаи ду соли охир нишон дод, ки фарқияти натиҷаҳои мо  5-10 фоизро ташкил медиҳад, ки ин барои муайян кардани вазъи радиатсионӣ саҳеҳияти баланд ба ҳисоб меравад»,-илова кард Бахтиёр Баротов.

Ба саволи хабарнигор дар мавриди он ки дар Тоҷикистон вазъи радиатсионӣ ва сейсмикӣ чӣ гуна аст, мавсуф  чунин ҷавоб дод: «Аз соли 2005 инҷониб ҳамасола дар мавсимҳои гуногун ба таври дастӣ вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат чен карда мешавад.  Дар ҷумҳурӣ вазъи радиатсионӣ баробар ба ҳолати табиӣ мебошад. Ягон таъсири сунъӣ ба назар намерасад. Танҳо вазъияти партовгоҳҳои радиактивии шимоли Тоҷикистон, ки дар он ҷо дар даврони шӯравӣ коркарди уран ба роҳ монда шуда буд, беҳбудӣ талаб мекунад. Дар ин самт ҳам кор рафта истодааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегия ва нақшаи солимгардонии ин минтақаро ба тасвиб расонидааст».

Дар робита ба мониторинги радиоэкологии муҳити зисти ҷумҳурӣ Бахтиёр Баротов гуфт дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар ният доранд, ки якчанд нуқтаҳо-стансияҳоро барои муайян кардани вазъи радиатсионӣ таъсис диҳанд. Яъне он зарраву чангҳое, ки дар атмосфера ҳастанд, инчунин вазъи радиатсионӣ вобаста ба мавсим чӣ гуна тағйир меёбад, мавриди санҷиш қарор диҳанд. Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба нақша гирифтаем, ки  дар бораи он корхонаҳои ядроие, ки дар атрофи мамлакат мавҷуд ҳастанд ва оё ба муҳити зисти мо таъсир мерасонад ё не, озмоиш гузаронем. Мо ба таври тестӣ аз Агентии байналмилалии ҳастаӣ як ҳавокашак гирифтаем. Озмоиши он ба наздикӣ оғоз меёбад. Бо стансияҳои ҳавогирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, намунаҳои онҳоро низ мавриди санҷиш қарор медиҳем. То саҳеҳияти онро муайян карда, вазъи радиоэкологии минтақаро ба таври даврӣ назорат кунем.

Мавриди зикр аст, ки 29 август Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ эълон гардидааст. Ин рӯз дар ҷаласаи 64 Ассамблеяи генералии СММ, ки 2 декабри соли 2009 баргузор гардид, тасдиқ карда шуд. Бо кӯшишҳои СММ 29 август даъват ба амал оварда шуд, ки давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ озмоишҳои ҳастаӣ (ядроӣ)-ро қатъ намоянд, зеро ин барои таъсиси ҷаҳони бехавф мусоидат мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки оқибатҳои таркишҳои ҳастаӣ, ки  ғайр аз бадбахтӣ ба инсон чизи дигаре намеоранд, ҳам барои кишварҳои алоҳида ва ҳам дар маҷмӯъ барои тамоми сайёра фалокатоваранд. Истифодаи силоҳи ҳастаӣ оқибатҳои ниҳоят даҳшатовар дорад, ки онро дар мисоли бомбаҳои ҳастаии моҳи августи соли 1945 ба шаҳрҳои Херосима ва Нагасакаи Япония партофташуда дида метавонем. Дар шаҳри Хиросима 245 ҳазор ва дар Нагасаки 200 ҳазор аҳолӣ иқомат доштанд. 90 фоизи сокиноне, ки дар ҳудуди 1 км аз маркази таркиш қарор доштанд, дар як лаҳза ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳо ба хокистар мубаддал шуд. Ҳамин тавр 90 ҳазор сокинони Хиросима ва 60 ҳазор сокинони Нагасаки ба ҳалокат расида, давоми 5 соли минбаъда 156 ҳазор сокинони ин ду шаҳр бар асари шуоъҳои радиокативӣ тадриҷан вафот карданд.

Мувофиқи таҳқиқоти анҷомдодаи мутахассисон, осор ва таъсири радиатсия муддати садсолаҳо дар бадани инсон боқӣ мемонанд. Дар Япония аллакай насли сеюми зарардидагони фоҷеаи Хиросима ва Нагасаки бо доштани радиатсия дар бадан зиндагӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, тамоми инсонияти башардӯст бояд алайҳи силоҳи ҳастаӣ ва озмоишҳои он муборизаи беамон барад.

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф набуда, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба манъ будан ва ё тибқи низоми муайян мавриди истифода қарор додани маводи ба чунин силоҳҳо алоқамандро ба тасвиб  расонидааст.  Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ягон намуди силоҳи қатли ом вуҷуд надошта бошад ҳам, вале ба ин нигоҳ накарда, ҷумҳурӣ ҳамаи фаъолиятҳои байналмилалиро дар ин самт ҷонибдорӣ менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ доир ба таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ таъсис ёфтааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар ин соҳа амалӣ месозад.

Агентӣ мувофиқи муқаррароти қонуни зикргашта ба навъҳои гуногуни фаъолият, ки ба истифодаи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ алоқаманданд, иҷозатнома медиҳад. Ҳамчунин меъёр ва қоидаҳоеро, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмӣ ва нақшаҳои зиддисадамавӣ, бақайдгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти ионофар (МАИ) мансубанд, таҳия ва ба таври муқарраршуда тасдиқ менамояд.

Август 29, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд