«Тоҷикфилм» барои кӯдакони синни томактабӣ филми тасвирии «Алифбо»-ро ба навор мегирад

Август 14, 2019 08:31

ДУШАНБЕ, 14.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи филмҳои аниматсионии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки   то охири сол барои кӯдакони синни томактабӣ филми тасвирии пурраи «Алифбо» -ро  истеҳсол намояд.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Ба зикри манбаъ, филми мазкур баъд аз  омодагӣ, тартиби ҷузъиёт ва сохтани персонажҳо дар марҳилаи сохтани аниматсия қарор дорад.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки барои офаридани филми мазкур  беш аз 20 нафар мутахассисони варзида фаъолият доранд.

Филм аз рўйи сенарияи Умеда Раҳимова  бо коргардонии Фирдавс Насруллозода таҳия мегардад. Барои овоз ва дубляжи филми аниматсионии «Алифбо» ҳунармандони театру кино даъват карда мешаванд.

 

 

Август 14, 2019 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст