Зиёда аз се ҳазор нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд

Август 13, 2019 15:11

КӮЛОБ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 3000 нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Пойгоҳи автоматикунонидаи Кӯлоб»- Автодром соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида,  аксари онҳо барои хизмат ба Ватан ба қисмҳои ҳарбӣ бо касби ронанда равон гардиданд.

Тавре директори ҷамъияти мазкур Зафар Табаров  иттилоъ дод, «бинои «Автодром» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба истифода дода шуда, мушкили ҷавононро хеле осон гардонид. Бино замонавӣ буда, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ҷавононе, ки   мактабҳои ронандагиро дар минтақа хатм мекунанд, ба ин даргоҳ омада, имтиҳон месупоранд ва соҳиби касби ронандагӣ мегарданд».

Ба гуфти мавсуф, мактабҳои омӯзиши ронандагӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Восеъ ва дигар ноҳияҳо фаъолият намуда, ҷавононро ба омӯзиши ин касб ҷалб менамоянд. Дар ин пойгоҳ  имтиҳонҳо ба таври  автоматикӣ  гузаронида шуда, дар бино  2 синфхонаи назариявӣ ва 1 синфхонаи амалӣ фаъоланд. Ин синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда,  ба довталабони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб  хизмат мерасонанд.

Дар минтақаи Кӯлоб 26 муассисаи таълимии ронандатайёркунӣ  фаъолият менамоянд, ки ҳамасола  довталабони зиёдеро   омӯзонида, ба таври ройгон  ба қисмҳои ҳарбӣ  сафарбар менамоянд. Дар пойгоҳ  7 мошини сабукрав, 5 мошини боркаш, 2 мототсикл ва 2 автобуси  таълимӣ  фаъолият  намуда, сари вақт аз  санҷиши техникӣ гузаронида мешаванд. Ҳамасола  дар пойгоҳ  аксияи  дарҳои кушод  гузаронида шуда, зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва  муассисаҳои таълимии  минтақаи Кӯлоб ба ин пойгоҳ омада, бо ҷараёни дарс ва  супоридани имтиҳонҳо шинос мешаванд.

Довталабон баъди супоридани имтиҳонҳои амалӣ  дар пойгоҳ  соҳиби шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои гуногун мегарданд.

Август 13, 2019 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд