ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 Душанбе шаҳри дорои муосиртарин мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мегардад

Сентябрь 4, 2019 16:06

ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. То соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  сохтмону  навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо андешидани силсилаи тадбирҳо ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимиро дар пойтахт  торафт вусъат медиҳад.

Давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар  шаҳр   сохтмони зиёда аз 25 муассисаи таълимӣ бо бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфтааст, ки то имрӯз 8 муассисаи нави таълимӣ барои 10 ҳазору 500 нафар хонанда бо сифати баланд ба истифода дода шуд.

Дар арафаи  соли нави таҳсил дар пойтахт  7 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Аз ҷумла, 30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд.

 Тавре зикр шуд,  муассисаи мазкур  дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардида, барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Иншооти нав дар заминаи Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд карда шуда, дорои 65 синфхона ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад. Бинои муассисаи нави таълимӣ аз 6 бинои 4-ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити илмомӯзӣ барои насли наврасу ояндасози миллат фароҳам оварда  шудааст.

Дар муассиса хуҷраҳои духтури дандон ва равоншинос низ мавҷуданд. Дар литсей бо мақсади ташаккули нутқи хонандагон ва инкишофи зеҳнию мантиқии онҳо утоқҳои логопедӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис дода шудаанд, ки ба таъкиди масъулин, ин таҷрибаи нахустин дар муассисаҳои таълимии ҳамагонии мамлакат мебошад. Китобхонаи электронии муассиса бо 25 адад компютер ва хати баландсуръати интернет таъмин гардидааст.

Атрофи литсей дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар масоҳати 7 ҳазору 552,9 метри мураббаъ сабзазор ва чароғон карда шуда, намои иншооти таълимӣ шабонгоҳ хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 замонавӣ гардид

30 август ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки Муассисаи таълимии №96-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  дар ҳолати ногувор қарор дошт ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ он пурра бартараф карда шуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Мактаб аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1488 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 дорои 35 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, дар ин баробар утоқҳои алоҳида барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидаанд. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва ошхона бо бештар аз 100 ҷой мебошад.

Боз як дабистони дигар  толибилмонро ба оғӯш гирифт

30 август бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд. Ин муассисаи таълимӣ дар маҷмӯъ барои 1280 нафар хонанда, дар як баст пешбинӣ шудааст.  Мактаби нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, шумораи умумии синфхонаҳои он  ба 32 адад мерасад. Утоқҳои роҳбарият ва омӯзгорон, инчунин синфхонаҳои фаннӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунар барои духтарону писарон, кабинетҳои лингофонӣ, маҷлисгоҳ бо 144 ҷойи нишаст, ошхона бо 80 ҷойи нишаст ва утоқи либосовезии хонандагону омӯзгорон бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Роҳрав ва синфхонаҳои таълимӣ бо камераҳои мушоҳидавии дорои сифати баланд ва лавҳаҳои электронию технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин имконият медиҳад, ки раванди таълим пурра таҳти назорат қарор гирифта, омӯзгорон масъулиятшинос бошанд. Аз ҷониби дигар, он ба волидайн имкон фароҳам меорад, ки аз ҷараёни таълиму тарбия, рафтор ва одобу ахлоқи фарзандонашон дар мактаб  пайваста огоҳӣ дошта бошанд.

Туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгорони мактаби №50-ро ҳал намуд

Дар Рӯзи Дониш, 1 сентябр  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бояд  тазаккур  дод, ки бинои мазкур бо назардошти  норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз меъёр зиёди хонандагон бунёд ёфта, сохтмони он дар зарфи бештар аз 1 сол анҷом дода шуд. Ин туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе  сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд. Бинои навбунёд дорои 36 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ 11 синфхонаи мактаб ҳамчун синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо асбобу аёнияти зарурӣ насб шудаанд. Синфхонаи компютерии муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти  технологияи телекоммуникатсионӣ таъмин буда, бо хати баландсуръати интернет пайваст мебошад. Бинои иловагии муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ буда, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, осорхонаи мактабӣ низ дар дохили он бунёд гардидаанд.

Бо бунёди  бинои иловагии  Гимназияи № 74  боз 1280 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин гардиданд

31 август  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки бо  сабаби норасоии ҷойи нишаст,  қисми хонандагони ин гимназия  дар бинои барои боғча пешбинишуда таълим мегирифтанд. Бо бунёди бинои иловагӣ мушкилоти мазкур ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо карда, бинои боғчаи кӯдакона низ мувофиқи таъйиноташ метавонад 280 нафар кӯдакро минбаъд ба таълим ва тарбия фаро гирад.

Бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 дорои 30 синфхона буда, дар ду баст  1280 хонандаро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Роҳрав, толор ва утоқҳои кории он  ба системаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст мебошанд. Алҳол дар  Гимназияи № 74 бештар аз 2900 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд.

Бунёди мактабҳо дар пойтахт бомаром идома дорад

Тавре иттилоъ дода шуд, алҳол сохтмони   мактабҳо  бо  2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 -и ноҳияи Фирдавсӣ,  бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарон ва  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст  ва  чандин муассисаҳои дигари таълимӣ дар  шаҳри Душанбе идома  дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе баҳри бо ҷойи нишаст таъмин намудани тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ низ тадбирҳои судманд меандешад. Тибқи иттилои масъулини соҳа, алҳол дар пойтахт сохтмони 14 адад муассисаи томактабӣ барои 1717 ҷой бо маром идома дорад.

                                                                                                        Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2019 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд