Ҳайати Тоҷикистон дар кори ҳамоиши САҲА иштирок дорад

Сентябрь 18, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  16 сентябр дар шаҳри Варшава ҳамоиши САҲА дар мавриди баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ, ки то 27 сентябри 2019 идома хоҳад ёфт, ба кор оғоз кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш роҳбари ҳайати давлати мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода сухан гуфт. Ӯ равиши мусбати фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи уҳдадориҳо дар чаҳорчӯби таъмини ҳуқуқи инсон дар мамлакат таъкид кард.

Ёрдамчии Президент инчунин ба масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва амалисозии муштараки муваффақонаи лоиҳаҳо ва барномаҳо ишора кард.

Сентябрь 18, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард