Ҷавонони Ҳиндустон ҷиҳати иштирок дар Форум ба Тоҷикистон омаданд

Сентябрь 21, 2019 10:38

ДУШАНБЕ, 21.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷиҳати иштирок дар аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон ба шаҳри Душанбе омаданд.

Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш меҳмононро бо нону намак ва гулдастаҳо истиқбол гирифта, онҳоро ба сарзамини офтобӣ-Тоҷикистони соҳибистиқлол хушомадед гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин меҳмонии ҷавонони Ҳиндустон аз 21 то 27 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Зимни баргузории Форум ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва мадании давлати мо дидан намуда, дар барномаҳои илмӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон иштирок менамоянд.

Дар доираи меҳмонии мазкур баргузории Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод” бо иштироки доираи васеи коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқони сатҳи байналмилалӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст. Дар кори конфронс вобаста ба масъалаҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон масъалаҳои табодули арзишҳои фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳарду давлат мавриди назари коршиносон қарор хоҳанд гирифт.

Дар доираи кори конфронс вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҳарду мамлакат семинар-тренингҳои назариявӣ ва амалӣ доир карда шуда, таҷрибаи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳарду давлат  мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Сентябрь 21, 2019 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд