Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад

Сентябрь 20, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 сентябр дар маҳаллаҳои гуногуни  шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ин рӯзҳо интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» муваққатан қатъ карда мешавад.

Мақсад аз ин иқдом гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» мебошад.

Гуфта мешавад, ки аз соати 23:00-и  23 сентябр то  соати 24:00-и 24 сентябр дар маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарони кӯчаҳои Чомӣ, Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

«Инчунин дар ин муддат муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа, 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Камонгарон,  Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ, ва шаҳраки Севастополи ноҳияи Сино пешбинӣ гардидааст», -афзуд манбаъ.

Тибқи қарори мазкур, аз соати 23:00-и 24 сентябр то соати 24:00-и 25 сентябр дар маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65-и кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалиев ва Наҷмиддин Абдуллоеви ноҳияи Фирдавсӣ муваққатан оби нӯшокӣ қатъ карда мешавад.

Дар баробари ин, гуфта мешавад, ки дар ин муддат интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Миралӣ Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур қатъ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони  маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

«Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд», — омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.

Рустами Эмомалӣ  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки дар ин муддат ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Сентябрь 20, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад