Рустами Эмомалӣ бо Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд.
Директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва рушди соҳаи маориф дар мамлакат баҳои баланд дод.
АКС: Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






