Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо, ки 20-22 сентябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир гардид, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Беҳрӯз баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Россия, Британияи Кабир, Қазоқистон ва Шведсия ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони ӯзбек Ҳикматуллоҳ Тӯраев мағлуб шуд.
Бояд зикр кард, ки дар Гран-прии Тошканд 421 нафар варзишгар (231 мард ва 190 зан) аз 70 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78 кг сурат гирифт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар шомил буд, ки аз рӯи ҳамаи дараҷаи вазнҳо миёни мардон рақобат карданд: Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).
Темур Раҳимов, ки аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш бар рақибонаш аз Венгрия, Ӯзбекистон ва Британияи Кабир ғолиб омада, дар ду рақобат аз гӯштингирони Австрия ва Украина шикаст хӯрд, мақоми панҷумро касб намуд.
Муҳаммад Маҳмадизода, ки аз чаҳор қувваозмоӣ дар дутоаш бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Украина пирӯз шуда, дар ду рақобат аз варзишгарони Ӯзбекистон ва Тайпейи Чин мағлуб гашт, мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.
Вале паҳлавонони дигар тоҷик дар даври муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи якум се ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм ду ҳазор доллар, барои ҷойҳои сеюм ҳазордолларӣ супурда шуд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Россия бо касби 7 медал (5 тилло ва 2 нуқра) мақоми аввалро аз худ кард. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 7 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Австрия бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як медали нуқра, инчунин як ҷойи панҷуму як ҷойи ҳафтум дар ҷойгоҳи 12-ум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд бе медал монда буданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар дохил буд, ки 12 нафари онҳо дар сабқати мардон ва 2 нафар дар сабқати занон ширкат варзиданд.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзюдо дар Тошканд:
Мардон
60 кг
1. АБУЛАДЗЕ Яго (Россия)
2. КОГА Ҳенке (Япония)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Ӯзбекистон)
3. ЯНГ Юнг Вей (Тайпей)
66 кг
1. ШАМИЛОВ Яъқуб (Россия)
2. АИДА Юҷи (Япония)
3. АБДУЛМАВГОУД Маҳамед (Миср)
3. НУРУЛЛОЕВ Сардор (Ӯзбекистон)
73 кг
1. ТУРАЕВ Ҳикматуллоҳ (Ӯзбекистон)
2. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Тоҷикистон)
3. СИЛОҒЛУ Битал (Туркия)
3. ЭСТРАДА Магдиел (Куба)
81 кг
1. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Ӯзбекистон)
2. РАСУЛОВ Камодиддин (Ӯзбекистон)
3. БОРЧАШВИЛИ Шамил (Австрия)
3. ЧОУЧИ Самӣ (Белгия)
90 кг
1. НЕЙМАН Маркус (Шведсия)
2. ХОЛМУРЗАЕВ Хусейн (Русия)
3. БАКЕР Машу (Япония)
3. ЗИЛКА Петер (Словакия)
100 кг
1. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Россия)
2. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. МУКЕТЕ Даниел (Беларус)
3. СВИРИД Микита (Беларус)
+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Ӯзбекистон)
3. ҲЕГЙИ Стефан (Австрия)
3. ХАММО Якив (Украина)








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






