Бори нахуст ҳунарпешагон аз ватани опера дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балет ҳунарнамоӣ намуданд

Сентябрь 30, 2019 15:04

ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.   29 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии Оркестри симфонии Россини баргузор гардид. Ин аввалин барномаи консертии ҳунарпешагон аз ватани опера, яъне Италия дар Тоҷикистон мебошад.  

Дар барномаи консертӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Сафири Италия дар Тоҷикистон Андреа Бертотси, намояндагони корпуси дипломатӣ ҳузур доштанд. Дар барномаи консертӣ операи Ҷоаккино Россини «Сартароши Севилӣ» пешниҳоди дӯстдорони ин ҳунар гардид.

Вазири фарҳанг ва Сафири Италия дар Тоҷикистон иброз намуданд, ки «минбаъд баргузории чунин барномаҳои консертӣ ба ҳукми анъана медарояд. Зеро он аз ҷониби тамошобинони тоҷик дар сатҳи баланд истиқбол гардид».

Боиси зикр аст, ки намоиши мазкур яке аз шоҳкориҳои оркестри Россини буда, дар аксари кишварҳои ҷаҳон мухлисони зиёд пайдо кардааст.

Ҳунари волои солистони оркестри номбурда Франсессо Пани, Ҷорҷия Паси ва Ҷулиё Бошетти, маҳорати нотакрори мутрибони оркестр дили аҳли толорро тасхир намуд.

Барномаи консертӣ бо ташаббуси ширкати италиявии “Салини Импреҷило” ташкил карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки «Сартароши севилӣ»-ро  Ҷоаккино Россини соли 1816 дар  Рим эҷод намудааст.  «Сартароши севилӣ» аз қабили шоҳасарҳои опера-буффаи италиявӣ ба шумор меравад, ки дар ин опера истеъдоди беназири Россини басо равшан зоҳир шудааст.

Россони қариб 40 асари операвӣ эҷод намуда, эҷодиёти ӯ ба инкишофи минбаъдаи опера (В. Беллини, Г. Донитсе¬тти, Ҷ. Верди) ва алалхусус таҳаввули санъати операи асри 19-и Аврупо таъсири калон бахшидааст.

Сентябрь 30, 2019 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт