Бозиҳои даври 14-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Сентябрь 16, 2019 17:54

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз танаффуси сеҳафтаина, бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ аз нав оғоз шуд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад. 

Бояд  зикр кард, ки дар бозии марказии давр  дастаи  футболи  «Истиқлол» -и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 33 футболбози дастаи Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов кушод. Ҳамдастаҳояш Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 54 ва Комрон Турсунов дар дақиқаи 57 ду голи дигар ба ҳадаф расониданд.   Дар қисмати охири дидор мизбонон тавассути Диловаршо Ғаниев дар дақиқаи 72 ва Акбар Бобомуродов дар дақиқаи 77 ду тӯб вориди дарвозаи меҳмонон карданд ва ҳисоб 2:3 шуд.

Тими   КМВА «Помир» — Душанбе дар майдони худ бар дастаи  «Куктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи артиш Комрони Мирзохон ду гол, Принс Артур як гол заданд. Голҳои дастаи «Куктош»-ро Бахтиёр Қаландаров ва Султоншо Мирзоев заданд.

Дастаи  футболи  «Истаравшан» -и Истаравшан низ дар бозии хонагӣ бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ  бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Бозингари дастаи меҳмон Шарифҷон Қодиров дар дақиқаи 3-юм ҳисобро кушод, пас аз 4 дақиқа Фирӯз Қараев ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 21-ум Диловар Бойқузиев дастаи «Истаравшан»-ро ба пеш баровард, вале Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 52 ҳисобро боз ҳам баробар намуд. Пас аз 10 дақиқа Фирӯз Қараев голи дуюми худ ва сеюми дастаи Истаравшанро зада, ғалабаи дастаро таъмин намуд.

Дар бозии охирини давр  дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар ба дарвозаи  дастаи «Хуҷанд» тавассути Эҳсон Бобоев ва Аҳтам Ҳамроқулов 2 голи беҷавоб зад.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду марҳила дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон   дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе   бо 38 хол пешсаф аст. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо фарқияти 18 хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Барои он ки дастаи «Истиқлол» бори ҳаштум унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шавад, дар ҳафт даври минбаъдаи мавсими 2019 танҳо ду пирӯзӣ зарур аст.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври 15-ум 18 сентябри соли равон  доир мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Истиқлол» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА «Помир», «Куктош» бо «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» бо ҳам  вомехӯранд.

 ДАСТАҲО   Б    Ғ    М    Б    Т/Т    Х  
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  14  12  2  0  41-9  38
 2  «Хуҷанд»(Хуҷанд)  13  6  2  5  22-14  20
 3  «Куктош» (Рӯдакӣ)  14  5  4  5  20-19  19
 4  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  14  5  4  5  22-22  19
 5  «Хатлон» (Бохтар)  14  5  3  6  16-19  18
 6  КМВА «Помир» (Душанбе)  14  5  3  6  15-20  18
 7  «Истаравшан» (Истаравшан)  13  4  2  7  12-21  14
 8  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)  14  2  2  10  10-34  8

 

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 9 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 7-тӯбӣ, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров (ССКА «Помир»), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиқлол») – 5-тӯбӣ.

Сентябрь 16, 2019 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад